Ҷаҳон андар кафи тақдирҷунбон аст

Ҷаҳони имрӯз хеле пуртазод аст. Дар ин ё он гӯшаи дунё терроризм ҳамчун вабои аср зиндагии мардумро ноором кардаву аз ҳамлаҳои хунин одамони бегуноҳ ҷон бохтаву шаҳрҳо валангор мегарданд. Пӯшида нест, ки терроризм ва экстремизм ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст ва ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақт ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд. Ҳамчунин, ҳисси масъулиятшиносӣ ва омодабошии доимиро тақозо доштанд. Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегарданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро қариб дар ҳар хонадон пайдо карда, бо ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд мафкураи ҷавононро тағир дода барои амали намудани ғаразҳои сиёсии хеш истифода мебаранд.

Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстримистӣ доираи васеи мамалакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстримизм ҳамчун як падидаи фоҷиабору номатлуб аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам даҳшатноктар гардидааст. Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст. Ҳамаи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро як ҳадаф доранд. Онҳо бо роҳи террору даҳшатфиканӣ мехоҳанд ба сари қудрат расанд. Дар ин роҳ аз фазои холии фарҳангӣ ва сиёсии ҳар ҷомеа истифода бурда, пеш аз ҳама, ба ҷавонони раҳгумзада такя мекунанд, зеро ҷавонон осебпазиртарин қишри ҷомеа мебошанд. Ба ҷуз ин, онҳо тавонистаанд ҷавононро бовар кунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои ҳадафҳои бузург ва барқарор намудани адолат мебошад. Террористон барои ба мақсад расидан аз дину мазҳаб ва ҳама роҳу усулҳо моҳирона истифода мебаранд.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки нигарон аз таъсири гурруҳои террористӣ ва амалҳои анҷомдодаи онҳо дар олам набошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ баромад намуда, терроризму экстримизмро маҳкум менамоянд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовар қарор дорад. Бояд қайд кард, ки халқи тоҷикро касе шикаста ва нест карда наметавонад. Халқи тоҷик боре кишвареро ғасб накардааст, шаъну шарафи миллатеро паст назадааст, фарзанди миллатеро нарабудааст. Халқи бонангу ори тоҷик танҳо зидди душманони ғаддор, ки ба сарзамини вай ҳамла овардаву таллаю тороҷ мекарданд, мубориза мебурду замини кишвари худ, забон ва нангу номусашро ҳимоя мекард. Ин аст, ки дар таърихи садсолаҳо халқи тоҷик сарзамин ва забони ширину гуворои хеш, дили поку пурмуҳаббаташро нигоҳ дошта тавонист. Конфронси байналмилале, ки 17 майи соли 2019 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикон дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид, бори дигар инро собит намуд. Дар кори он беш аз панҷоҳ давлати дунё, қариб сӣ созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду ҷолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризму экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Он моро водор месозад, ки бо мақсади баланд бардоштани маъсулият дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти кишвар байни ҷавонон ва аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро самарабахш амалӣ созем. Ба тарбияи ватандӯстӣ, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик бештар машғул шуда, озодию истиқлолият, манфиатҳои амниятӣ ва миллию давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намоем.

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.04.2021     278
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php