Забон-маънавият ва ҳастии миллат

Забон-маънавият ва ҳастии миллат

Маънавияти олӣ ва забони иқтидорманд дар таърихи баъзе халқҳо ҳамеша ё дар баъзе марҳилаҳои муҳим омили сарнавиштсоз будааст.

Хусусан агар аз саргузашти таърихии мардуми тоҷик хулоса бароварем, бояд бигӯем, ки асоси ҳастии миллат забон ва маънавият аст. Ҳастии миллат пеш аз ҳама дар маънавияту фарҳанг ифода меёбад ва баёнгарии маънавияту фарҳанг барҷастатар аз ҳама дар забон муяссар мегардад. Фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишони ҳастии инсон ва шахсе, халқеву миллате нест. Забон аст, ки нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он аломатҳо замина тайёр мекунад. Ҷаҳду ҷадале дар роҳи ифодаи ҳар чи мукаммалтари моҳияти падидаҳои ҳаёти маънавӣ- чи ифодаи шифоҳӣ ва чи ифодаи катбию навишта қувваю тавоноии забонро мунтазам афзунӣ мебахшад. Ин афзоиши иқтидору имконоти забон, масалан баёни нозук ва барҷастаи мафҳумҳои мураккаби фарҳангӣ, илмию фалсафӣ, адабию ҳунарӣ дар навбати худ боз барои амиқрафти маънавият роҳ ҳамвор мекунад. Ин аст, ки инкишофи забон ва маънавият сахт ҳамбастаи якдигар буда, ҳар ду чун ойинае ҳолати якдигар, ҳолати шахс ва миллатро намудор меоранд. Он чӣ халқеро аз халқҳои дигар тафовут медиҳад, ҳамин вижагии маънавӣ ва забон аст. Мавқеи таърихии ҳар халқ вобаста ба он аст, ки маънавияти ӯ ба чӣ поя расидааст ва забонаш чи иқтидоре дорад, аз ягон ҷиҳат мазиятеро соҳиб аст ё не. Дар ин маврид то чи андоза аҳамияти калон доштани забон аз ин маълум мешавад, ки халқе дар натиҷаи як фоҷиаи бузурги таърихӣ муваққатан ё абадан, қисман ё тамоман аз тамаддуни олии худ маҳрум гардад ҳам, шояд ҷисман боқӣ хоҳад монд, бо каму кости бисёре бошад ҳам, ҳастии фарҳангии худро давом хоҳад дод, ба унвони воҳиди этникие вуҷуд хоҳад дошт, аммо агар аз забони миллӣ маҳрум шавад, мансубияти миллии ӯ тағйир хоҳад ёфт. Дар ин бобат таърих мисоли бисёр дорад.

Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки он муборизаи сахти ҳазорсола чи дар давраҳои алоҳида ва чи дар ниҳояти кор бо пирӯзии маънавии тоҷикон, бо пирӯзии пурраи фарҳанг ва забони тоҷикӣ анҷом ёфт. Инро ҳам бояд таъкид кунем, ки чунин пирӯзӣ амале ба ниҳояти дараҷа башардӯстона аст, зеро аввалан бидуни зӯроварию хунрезӣ сурат мегирад, сониян ба рӯи қавме аз фарҳанги тозае дарҳо мекушояд, ӯро ба пояҳои маданият мерасонад, ба фарҳанги онҳо бештар мазмуни маънавӣ бахшида, боиси устувортар шудани решаҳои ҳастии онҳо мегардад.

Чунин пирӯзӣ ба мардуми тоҷик чандин бор муяссар гардидааст. Ин пирӯзиҳои маънавӣ моҳияти таърихи тоҷиконро муайян мекунад. Бешубҳа сабаби асосии он ҳама сахтҷонӣ ва умрдарозии таърихии тоҷикон, ки алорағми ғосибони пурзури даҳшатангез зинда монданд, фарҳангу забони худро ҳифз намуданд, сабаби асосии пирузмандиҳои таърихии мардуми тоҷик, ки он ҳама ғосибони сершуморро мағлуб намуда, ба тобеияти фарҳангии худ дароварданд, он аст, ки бунёди маънавии ҳастии онҳо аз аввал ба ниҳояти дараҷа қавӣ буд.

Маънавияти мардуми тоҷик чунин неруи бузург дошт ва ҳанӯз дорад. Инро имрӯз мо тоҷикон бояд бидонем ва коре бикунем, ки ин неруи бузург бедор шавад, ба ҷунбиш ояд, мушкилкушои худи мо ва дигарон бошад.

Мусаллам аст, ки имрӯз дар айни камолоти ҷаҳонишавӣ фарҳанги муштарак дар ҳоли рушд аст. Ба вуҷуд омадани фарҳанги муштарак чунин маънӣ надорад, ки миёни фарҳангҳои миллӣ дигар сарҳаде намонад ва вижагии онҳо аз байн биравад. Не, ҳам наздикии фарҳангҳои миллӣ боиси маҳрумӣ аз чеҳраи хос нахоҳад гардид ва ҳар як халқ бояд вижагиҳои хоси фарҳангу маънавияти худ роҳҳои рушду таҳаввул, инчунин ҳудуди таърихӣ ва имрӯзии онро бидонад.

Бояд гуфт, ки қаламрави фарҳангии форс-тоҷик дар қарни бисту як низ ҳамон аст, ки ҳазор сол пеш аз ин, дар аҳди Оли Сомон буд, ҳамон Хуросони Бузург аст.

Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо,

Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо.

Дар чаманзори навбаҳорон ҳама шохсор аз якдигар рангу бӯ мегирад ва дар ҳамбастагӣ нумӯ мекунад. Чаманзори мо тоҷикон аз як навбаҳор ин ҳама рангомезӣ ва назаррабоӣ дорад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд ва дар шароити имрӯза аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд.

 

Зуҳра Турсунова

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


10.07.2020     4108
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php