САФОИ ИСТИҚЛОЛ

      Баъди талошу кӯшишҳои ҳазорсола миллати шарафманд ва куҳанбунёди тоҷик дар интиҳои асри ХХ ба дарёфти Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гашт, ки ҳар сол мо ин санаи фархундаро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Имрӯз бошад, мо дар фазои сулҳу ваҳдат ва ободкорию созандагӣ 29-умин солгарди ин санаи муҳими таърихиро таҷлил менамоем.

        Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ мебошад.

      Ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллӣ шароити мусоид фароҳам сохт. Бо шарофати истиқлол кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пай дар пай дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва миллӣ назаррас буда, гузариш ва муносибатҳои нави ичтимоию иқтисодӣ ҳарчи бештар густариш меёбанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ мегардад.

      Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиро ба мардуми тоҷик ва  Тоҷикистони азиз овард.

        Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти ичтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо сохт.

        Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу саховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал  чун  душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу одил, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Маҳз таҳти сарварии ин абармарди хирадпеша бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гашта, давлат орому миллат осуда гардид.

     Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд,ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истсқлол аст.                                                                           

       Мардуми сарбаланди тоҷик бо фахри бузурги миллӣ аз дастовардҳои шоёни истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сотмонҳои НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтӯда-2, роҳи мошингарди Бадахшон, нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва Шар-Шару Чормағзак роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ва бахусус, ободкориҳои зиёди шаҳрҳои саноатии мамлакат, ки ба таври шинохтанашаванда симои худро тағйир додаанд, имрӯз бо ҳисси ифтихору сарбаланди ҳарф мезананд ва дар ҳар сари қадам шукри озодию истиқлолро мекунанд.

     Дар ҳақиқат, дар як муҳлати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари шукуфону обод табдил ёфта, чӣ дар соҳаи иқтисод ва чӣ дар сиёсату иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, эътибори худро дар ҷомеаи ҷахонӣ хеле баланд намуд. Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи аксар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ташаббусҳои неки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли давлатҳои қудратманди ҷаҳонӣ ҳамеша бо майли том дастгирӣ ёфта, пойтахти азизи кишварамон, ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.

      Қобили қайд аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамеша диққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва роҳандозӣ менамояд.

       Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат имкониятҳои кору таҳсил дар  МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» хеле васеъ гашта, талабот низ аз толибилмони ин даргоҳи муқаддас сахту ҷиддӣ шудааст. Солҳои охир дар донишгоҳ якчанд биноҳои нави таълимӣ, марказу шӯъбаҳои илмӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ сохта ва таъсис дода шуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён нақши муассире гузоштанд.

     Басо рамзист, ки имсол дар остонаи ҷашни Истиқлолият мардуми шарафманди тоҷик 5500- солагии гаҳвораи тамаддуни башарият, Саразми Бостониро ҷашн мегиранд, ки он бурҳони миллати фарҳангофар ва тамаддунсоз будани тоҷикон аст.

         Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 5500 солагии Саразми Бостонӣ муборак, ҳамватанони азиз!. 

Гулзода М.Қ.   ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор



11.09.2020     362
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php