Роғун – равзанае аз нур ба сўйи фардои дурахшон

Бунёду барқарорсозии иншоотҳои муҳими стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори насли имрӯзу фардо, рушду пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз чунин объекти стратегӣ НОБ–и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и Роғун аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ –и Роғун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шуруъ кард. Ҳоло бошад дар он ҷо беш аз 21 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.
Коршиносон аҳамияти стратегӣ доштани НОБ-и Роғунро дар он мешуморанд, ки ҳоло дар неругоҳҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби миёна 16-17 миллиард кВт. соат неруи барқ дар як сол истеҳсол карда мешавад. Талаботи пурра ба барқ дар даҳсолаи наздик бошад, 22-25 миллиард кВт. соатро ташкил медихад. Барои пешрафти иқтисодиёт ва таъмини аҳолӣ 5-7 миллиард кВт. соат неруи барқ дар фасли зимистон намерасад. Аз ин лиҳоз дар навбати аввал сохтан ва ба итмом расонидани НОБ- и Роғун барои Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи стратегӣ дорад. Яъне ҳадафи стратегияи истиқлолияти энергетикӣ ба он равона карда шудааст, ки пеш аз ҳама Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дохилиро бо неруи барқ таъмин намояд ва неруи барқи иловатан тавлидшавандаро ба кишварҳои хориҷӣ ба фӯрӯш бароварда, рушди иқтисодиёти кишварро таъмин намояд. Ба таъкиди иқтисодчиёни кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, тавлиди нерӯи барқи худӣ барои расидан ба ҳадафи стратегии дигар-таъмин намудани гузариш ба кишвари саноативу аграрӣ мусоидат менамояд. Зеро бе неруи барқи арзони дар дохил истеҳсолшаванда, корхонаву иншоотҳои саноатӣ, инфрасохторҳои нақлиётию сохтмонии мавҷудаву дар оянда сохташаванда фаъолият дошта бошанд. Гуфта мешвад, имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъоланд, ки ҳамаи онҳо эҳтиёҷ ба нерӯи барқ доранд. Чунончи, ба туфайли сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имрӯз дар ноҳияи Ёвон се корхонаи саноатӣ сохта шудаанд. Корхонаи маъдантозакунии Такоб барои тавлиди алюминий, маҷмааи бофандагӣ доир ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара ва ғайра, иншоотҳоеанд, ки низ эҳтиёҷ ба барқи худӣ доранд. Дар шимоли кишвар низ як қатор объектҳои истеҳсолӣ вуҷуд доранд, ки бо истифода аз неруи барқ дар татбиқи нақшаҳои стратегии кишвар саҳм гузошта истодаанд.
Сохтмони неругоҳи Роғун таърихи дуру дарози зиёда аз чил сола дорад. Дар давоми ин муддат масъалаи бунёди он мавриди ҳамлаи ҳам тарафдорон ва муқобилони он қарор гирифта буд. Ягона шахсе, ки тарафдори воқеии сохтмони ин иншооти азим ва дар асоси он таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар буд - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба ҳаёти осоишта гузаштани халқамон, бунёди ҷомеаи аз нигоҳи иқтисодию технологӣ пешрафта, камари ҳиммат бастанд.
Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониҳояшон пайваста ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ишора мекарданд ва барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ халқи тоҷикро сафарбар мекарданд.
Вобаста ба ин, илова ба сохтмони НОБ - и Роғун, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор иншоотии дигари гидроэнергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд, аз қабили бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтуда–1” ва “Сангтуда–2”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор–Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб–Шимол”, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии “Душанбе–2” бо иқтидори 100 мегаватт ва ғайра.
Ин дастовардҳо имконият доданд, ки шурӯъ аз 28 октябри соли 2017 маҳдудияти меъёри барқ дар фасли зимистон дар миқёси ҷумҳурӣ бардошта шавад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Илова ба ин, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе–2” бо иқтидори 300 мегаватт, таҷдиду барқарорсозии НБО-и “Норак” оғоз гардидаанд.
Бинобар ин, 16 ноябри соли 2018, яъне рӯзи ба истифода дода шудани чархаи нахустини НОБ – и Роғун дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст. Орзу, заҳмату талошҳои чандинсолаи Пешвои миллатамон, мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд ва аввалин неругоҳи бо қувваю сармояи худи халқ масрафкарда ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки баъд аз муроҷиати Пешвои миллат аз 5 январи соли 2010 оид ба сохтмони НОБ – и Роғун, ҷавонони кишвар барои саҳм гирифтан дар бунёди ин иншооти азим рағбат нишон доданд. Дар баробари харидани саҳмияҳои он, аксари донишҷуёни мактабҳои олии кишвар бо ихтисосҳои соҳаҳои барқтаъминкунӣ, кафшеркориву дигар корҳо, дар ин сохтмон кор мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷавонон дар қатори бинокорону васлгарон паҳлу ба паҳлу истода, меҳнат карда истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик таҷрибаи таърихии бунёдкорӣ ва анъанаи дӯстию бародариро сарбаландона идома дода, дар анҷоми ин сохтмон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хулоса, созандагию хирадмандии Сарвари давлат ба ҷавонон ва мардуми кишвар дар самти ватандӯстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае мебахшад. Ҳар як ҷавон ва фарди тоҷик бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.
Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

23.10.2019     474
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php