Рамзи хушбахтист Истиқлоли мо

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Баъд аз пош хурдани давлати шӯравӣ Тоҷикистон дарҳои баста дошту роҳҳои фарсуда. Хушбахтона, дар ҳамин давраи бесарусомониҳо ба ин миллат муяссар гашт, ки шахсеро ба роҳбарии давлат оварад, ки барои ободию оромии кишвараш ҷони худро дареғ надошта, шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Таҷрибаи талхи мардуми афғон, ки ҳамсоякишвари моянд ва беш аз 40 сол аст, ки ин мардум оромиро надидаанд ва дар зери асорати давлатҳои абарқудрат, дар орзуи оромию ободии кишвари хешанд. Яке аз шоирони тавонои асрии ХХ-и Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ дар орзуи тинҷию оромии кишвараш бо алам гуфта буд:

Гулгункафанонро чи баҳору чи зимистон,

Хунинҷигаронро чи биёбон, чи гулистон.

Дар кишвари оташзада, дар хонаи вайрон,

Кас нест, занад бӯса ба рухсори ятимон.

   Ё ин ки гуфтаҳои қаҳрамони миллати афғон Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврае, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик барои овардани ҳамватанон ва гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистон сафар доштанд, гуфта буд: “Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем.”

Дарҳои кушод, роҳҳои мумфарши ду-се ошёна, нерӯгоҳҳои барқию обӣ, иншоотҳои азим, ободиҳои зиёде, ки дар ҳама минтақаҳои дурдасти кишвар ба назар мерасад, гувоҳ аз он аст, ки мардуми тоҷик дар интихоби сарвари давлати хеш хато накардааст ва нахоҳад кард. Ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯби Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалҳо “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чи ҷоннисориҳо давлати тоҷиконро аз мустамликаи давлату миллатҳои абарқудрат бо забон ва расму оини мардуми хеш нигоҳ дошта, ба ин рӯзҳои нек расонид. Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон тамоми ҷашнҳои таърихии мардуми тоҷик- Сада, Меҳргон, Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ихлоси бепоён ҷашн гирифта мешаванд. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳҳо, тунелҳо, роҳҳо ва сохтмони заводу фабрикаҳо заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишварамон заҳмат кашидаанд, ки ба мувафақиятҳои назаррас ноил гаштем. Мардуми мо хуб медонанд, ки бунёди иншоотҳои азим ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ин иншоотҳо барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонанд. Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

Ҳоло Тоҷикистон дар пешорӯи маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи Президентӣ қарор дошта, ба он ҳамаҷониба омодагӣ гирифтааст ва ин маърака ба таври шоиста, дар фазои дӯстиву оромӣ баргузор хоҳад шуд. Шароити муҳайёшуда дар Тоҷикистон барои интихобкунандагону номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин нозирони байналмилалӣ гувоҳи онанд, ки роҳбарияти кишвар баҳри таъмини кушоду шаффоф ва ба таври демократӣ гузаштани интихобот талош варзидааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд. Мардуми кишвар ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон эътимод доранд ва интихобот дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор хоҳад шуд. 

Таибов С. А. сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

З.Турсунова - мутахассиси шуъба


07.10.2020     268
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php