Рӯзи Парчами миллӣ муборак!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.

Дар ҷомеаҳои ариёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳанӯз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бинобар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифгари шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (Авесто: āθravan, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳанӯз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳари осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (Авесто: vāstrya-fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳанӯз ривоҷ дошт.

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdā-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: θwāša; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифгари минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. 

Рӯйи ман чу рӯйи ту сурх,

Бахти ман чун ту сафед аст.

Умри ман мисли ту сарсабз,

Ҷонам аз ту пурумед аст. 

Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.

Равшан маълум мегардад, ки мисли парчами имрӯзини миллат ранги сурх ҳамчун рамзи сарбаландиву ифтихор ва рӯи сурху сари сабзи мардум мақоми аввалӣ доштааст. Дар ҷараёни таълими парчам бояд ба хонандагон ҳамаи ин масъаларо ба тартиб таълим дода шавад, то ки дониши онҳо дар бораи парчам афзун гардад. Ҳамчун омӯзгори собиқадор саъй менамоям, дар таълими рамзҳои давлат, аз ҷумла Парчам ба толибилм дониши бештар диҳам. Зеро ин талаби айём аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз! 

Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ  -  Усмонов Ҷ.Н.


25.11.2020     1230
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php