ОХИРИН ДОСТОНИ УСТОД ТУРСУНЗОДА ВА РОБИТАҲОИ АДАБӢ

Кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Тоҷикистон

Роҳбари илмӣ- муаллими калон Н.Б. Заҳуров
Мубрамӣ. Масъалаи робитаи дуҷонибаи мардумони ҳинду тоҷик хеле доманадору тӯлонӣ буда, он дар паҳнои адабиёт, ҳунар, филмсозӣ, иқтисод, бозаргонӣ, дипломатия ва ғайра то имрӯз идома дорад. Аз ин миён робитаи адабӣ хеле густардатар аз пиндори мо ба ҷилва омада, решаҳояш ба қаъри обишхӯри чандҳазорсола ғӯта мехӯрад, ки як нигоҳи кӯтоҳ ба маводи адабиёти аҳди куҳану навини тоҷик сарриштаи чандин навъ иртиботро дар ихтиёри мо хоҳад гузошт. Аз адибони муосири мо устод Айнӣ, С. Улуғзода, Фарзона ва дигарон ба назму наср дар ин замина осори зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Бо ин ҳол аз миёни адибони тоҷик ҳеҷ кас ба андозаи устод М. Турсунзода рӯйи ин мавзӯъ тааммул накарда ва ин қадар осори гаронмояро ба вуҷуд наовардааст. Бо дарназардошти ин нукта, ки пас аз касби Истиқлол кардани Тоҷикистон робитаҳо бо кишвари Ҳинд домони васеътар паҳн карда истодааст, арзиши ин мавзӯъ боз ҳам дурахшиши бештар касб мекунад.
Мақсади таҳқиқ. Тавассути ин нигошта мо тасмим гирифтем, то ки перомуни робитаҳои адабии тоҷику ҳинд тӯли нимаи дуюми асри XX дар мисоли достони устод Турсунзода бо номи «Аз Ганг то Кремл» изҳори андеша намоем, ки асари мазкур аз ҷиҳати вусъати ҳодисаҳо ва арзиши иҷтимоӣ – таърихии рӯйдодҳои таҳти тасвир бетимсол буда, як сафҳаи пурҷилои робитаҳои адабиро зебу зинат медиҳад
Мавод ва усули таҳқиқ. Заминаи аслии таҳқиқро матни достони «Аз Ганг то Кремл» ташкил дода, мо зимнан ба нигоштаҳои донишмандони тоҷик дар ин замина нимнигоҳе доштем.
Натиҷаи таҳқиқ ва муҳокимаи онҳо. Бояд ёдовар шуд, ки устод Турсунзода соли 1947 дафъатан пас аз ширкат дар Конференсияи нависандагони кишварҳои Осиё ва Африқо (Деҳлӣ, моҳи марти соли 1947) силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро ба вуҷуд оварда, соли 1948 ба подоши ин силсилаи марғуб ба дарёфти Ҷоизаи давлатии шӯравӣ мушарраф гардид ва танҳо дар соли 1949 қисми дуюми онро ба поён расонид. Инчунин шеърҳои «Ман аз Шарқи озод», «Чашмҳо», «Қиссаи машҳур» ва «Чароғҳои ватан» (1950) давоми мантиқии силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» буда, сипас зимни достонҳои «Садои Осиё» (1956), «Духтари муқаддас» (1957), «Ҷони ширин» (1960) ва ғайра ба таври бевосита ё бавосита бар рӯйи мушкилоти нимҷазираи барояш азиз нигоҳе меандозад. Ногуфта намонад, ки охирин достони устод Турсунзода — «Аз Ганг то Кремл» (1970) боз ба мавзӯи Ҳиндустон оид гашта, зимнан шоири тоҷик муносибати миллатҳои Шарқи хориҷиро ба низоми навзуҳури шӯравию роҳбари он — В.И. Ленин, аз як сӯ, инчунин таваҷҷуҳи нахустин роҳбари низоми шӯравиро ба кишвари Ҳинд, аз сӯи дигар, бозтоб медиҳад.
Ф. Турсунзода — духтари шоир ёдовар шудааст, ки соли 1967 ҳамроҳи падарам ба Ҳиндустон сафар доштем, ки бояд ба ӯ Ҷоизаи байналмилалии Ҷавоҳирлаъл Неруро месупурданд. Зимни ин сафар мо як рӯз меҳмони хонадони сарвазир Индира Гандӣ шудем ва бо президенгти кишвари Ҳиндустон ҳам мулоқот доштем. Субҳи рӯзи дигар ӯ маро ҳамроҳи меҳмонону барандагони дигари ҷоизаи мазкур ба Агра фирисода, худ роҳии шаҳри Деҳрадун гашт, то ин ки бо прототипи достони ояндааш — мӯйсафед Маҳендра Пратап мулоқот намояд [5:11]. Ҷамъоварии мавод гӯё аз ҳамин сана шурӯъ гашта, баъдан байни солҳои 1969-1970 худи достон таълиф меёбад.
Имсол ба таълифи ин асари машҳур 50 сол пур шуда, филмбардорони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни ҳиндияшон аз рӯйи он филмеро ба исми «Субҳи Ганг» (1975) рӯйи пардаи навор оварданд. Прототипи ин асар роҷаи ҳиндӣ — Маҳендра Пратап пас аз чопи достони мазкур унвонии шоири шаҳири тоҷик ба забони форсӣ мактуб ирсол намуда, сипосгузории хешро аз заҳамоти бедареғи адиби хушном изҳор медорад [9:455].
Устод Турсунзода то замони таълифи достони мавриди назар дар офариниши 9 достони дигар ба таври мустақилона ва зимни таълифи 3 достони дигар ҳамчун яке аз ҳамқаламон ширкат ҷуста буд [8:124] ва эҳтимол меравад, ки шоир тамоми таҷрибаи хешро ҳангоми иншои достони мазкур ба таври самарабахш ба кор бурдааст. Муҳаққиқон ин асарро эпикӣ хонда, вазни онро ба баҳри хафифи мусаддасси махбуни аслам ва аслами мусаббағ нисбат додаанд [8: 124-125].
Тавре ки аз маълумоти муҳаққиқон бармеояд, дар чоряки якуми асри XX бар асари се инқилоб дар Русия, ҷанги якуми ҷаҳон ва ғайра ҳаракати миллӣ - озодихоҳӣ дар кишварҳои мустамликавӣ ва ниммустамликавӣ авҷ гирифта, сатҳи огоҳии сиёсии мардум боло меравад, ки кишвари Ҳиндустон аз ин қоида истисно нест [3:5].
Дар ин марҳалаи ҳассос Англия ҳамчун сарҳалқаи империализми ҷаҳонхор кишвари аз ҳама иртиҷоӣ ва мустамликадор ба ҳисоб рафта, бар иловаи мустаъмараҳои худ боз ба мустамликаҳои Олмон дар Африқо чашми тамаъ медӯхт. Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур зиддияти байни ин ду кишварро барафрӯхта, Олмонро бар он во медошт, то аз ҳаракати миллӣ –озодихоҳии халқҳои таҳти истеъмори рақиби хеш ҳамчун василаи фишор бар рӯйи Англия судҷӯёна истифода намояд [3:5-6]. Россияи болшевикӣ ҳам, ки то андозае аз Англия ба хотири ҳузури ғайримустақимаш дар инқилоби буржуазии рус (феврали соли 1917) нохушнуд буд, ба ҳар васила неруҳои озодихоҳи Ҳиндустонро дастгирӣ менамуд [3:5-7].
остони «Аз Ганг то Кремл» аз 8 боб ва дебочаю поёни сухан иборат буда, нуктаи меҳварии онро мулоқоти қаҳрамони асосии асар — Маҳендра Пратап бо В. И. Ленин ташкил медиҳад, ки дидори мазкур дар даҳаи сеюми моҳи июли соли 1919 ба вуқӯъ пайваста, устод Турсунзода онро бо санаи дидори якуми Муҳаммад Баракатулло, яъне 7-уми майи ҳамон сол иштибоҳ гирифтааст [3:22-23]:
Пратап дар Кремл по мемонд,
Ҳафтуми май ба худ бино мемонд (с. 229).
Ҷуғрофиёи достон хеле густарда, яъне шомили роҳи тӯлонии Ҳиндустону Москва ба ҳисоб рафта, ба ақидаи муҳаққиқ А. Сайфуллоев, фосилаи замонии понздаҳсоларо дар бар дорад [1: 115]. Роҷа Маҳендра Пратап то замони ба вуқӯъ пайвастани мулоқоти таърихии мазкур роҳи тӯлонию пурпечухамеро пушти сар мегузорад. Чунончи, аъзоёни ҳизби «Ғадар» (муассисаш Ҳар Даял, соли 1913 дар ИМА таъсис ёфта буд — М.Р.) ва дигар созмонҳои зиддимустамликадорӣ соли 1914 дар Берлин гирди ҳам меоянд, ки дар байнашон Маҳендра Пратап ҳам ҳузур дошт. Сипас дар нимаи дуюми соли 1915 Комитети инқилобии Ҳиндустон дар Берлин Маҳендра Пратап ва мавлавӣ Баракатуллоро ҳамроҳ бо миссияи Гентинг ва Нидермайер бо мақсади алайҳи Англия шӯронидани Афғонистон равонаи Кобул месозад. Бо истифода аз ин фурсат ҳар ду дӯстони ҳамсангар 1-уми декабри соли 1915 дар Кобул Ҳукумати муҳоҷирини муваққатии Ҳиндустонро ташкил менамоянд, ки ҷобаҷогузории масъулони идорияш чунин буд: Маҳендра Пратап (президент), Убайдулло Синдҳӣ (вазири корҳои дохилӣ), Муҳаммад Валӣ (вазири молия), Муҳаммад Башир (вазири ҳарбӣ), М. Пилаи (вазири корҳои хориҷӣ) [3:8]. Дар достон ин ниҳод бо номи Ҳукумати «Бахт» ёд мешавад:
Давлати «Бахт» дар куҷо бошад?
Дар замин ё ки дар фазо бошад? (с. 206)
Баъдтар аз таркиби ин ниҳод Ассотсиатсияи револютсионии Ҳиндустон ба вуҷуд омада, моҳи апрели соли 1920 дар Тошканд бар пояи он сексияи ҳиндустонии Совети пропагандаи интернатсионалӣ шакл мегирад ва онҳо андаке баъдтар якҷоя ба таъсиси Ҳизби Коммунистии Ҳиндустон муяссар мегарданд [2: 109]
Ногуфта намонад, ки сафари нахустини Маҳендра Пратап ба Русия дар моҳи феврали соли 1918 аз тариқи Тирмиз сурат гирифта, ӯ ба Петроград ворид мегардад, вале зимни ин сафар бо В.И. Ленин дидору мулоқот намекунад. Чунон ки дида шуд, устод Турсунзода дар достон гӯё ҳар ду ин сафарро бо ҳам даромехта, шояд бо мақсади услубӣ баъзе дигаргуниҳоро дар хатти сюжети достон ворид месозад. Ба ақидаи донишманди мумтоз С. Табаров, сафари дуюми Маҳендра Пратап ба Москва на аз тариқи Когон, балки тавассути Берлин ба вуқӯъ пайвастааст [3:23]. Шояд сабаби ин тағофули ориф дар он бошад, ки устод Турсунзода ба ин васила пойи ҳаммилатони худ ва сокинони дигари Осиёи Миёнаро ба дохили матну батни ҳодисаҳои достон кашонданӣ шудааст, то ин ки драматизми ҳодисаҳо ба чашми хонанда бештар ҷилва намояд.
Чунонки С. Табаров иброз медорад, 7-уми май соли 1919 В. И.Ленин табааи дигари Ҳиндустон — профессор Муҳаммад Баракатуллоро ба ҳузур мепазирад, ки ӯ дар ин мулоқот ба таври ғайрирасмӣ аз номи Ҳукумати Афғонистон суҳбат мекард [3:22].
Қобили қайд аст, ки ҳангоми мулоқот Маҳендра Пратапро инчунин Абдурраб Барг, Пративади Ачария, Далипсингҳ Гил, Муҳаммад Баракатулло ва хидматгори ӯ деҳқони панҷобӣ Иброҳим ҳамроҳӣ мекарданд [3:9-10].
Шоири номовари тоҷик бо мақсади пурҷозиба гардонидани неруи сухан рӯҳияи романтики сурудаашро аз ёд намебарад. Ба қавли адабиётшинос Р. Ҳодизода, «Пратап… монанди Данкои Максим Горкий як симои романтикӣ мегардад, ки дар андешаи озодии кишвари кулфату мусибатзадаи хеш аст» [7:103]. Дар зеҳни шоири тоҷик гӯё замин мисли ҷонзоди нотиқа ба забон омада нидо дармедиҳад:
Даъват ояд, ки зуд фарзандам,
Хез аз ҷо, раҳо кун аз бандам!
Зуд бархез, рас ба фарёдам,
То нагардад ғулом авлодам!
Даъват ояд, ки зуд аз поям,
Гир занҷир, як дам осоям!
Даъват ояд, ки дасти бегона,
Ром кардаст чуғзи вайрона! (с. 205)
Ба ин тариқ, тавассути руҷӯъ ба рӯди Ганг, кӯҳи Ҳимолой, худоёни ҳиндувон — Шива ва Лакшми, ки дар достон чандин маротиба ба чашм расид, ҷанбаи ромнтикии достон нерумандтар мегардад.
Қобили қайд аст, ки мафкураи сиёсии Маҳендра Пратап дар достон ба як ҷаҳонбинии инқилобгари воқеӣ нарасида, онро шоир аз забони Ленин ба як назарияи толстойгароӣ ташбеҳ кардааст:
Гуфт: «Хондам китобатон имшаб
Толстой будаед дар мазҳаб». (с. 232)
Тибқи мушоҳидаи адабиётшинос С. Табаров, қаҳрамони марказии достон то мулоқоти таърихӣ бо Ленин андешаи сиёсии худро асосан бар пояи назарияи буддоии нирвана, ақидаву ҷаҳонбинии ҳиндуёни қадим шаклу сурат бахшида, муборизаи синфӣ ва шӯриши мусаллаҳонаро салоҳ намедонист. Ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш умед доштанд, ки дар кори барандохтани султаи англису золимони маҳаллии ҳиндитабор Русияи болшевикӣ ба сӯяшон дасти мадад дароз мекунад [2:113, 116]. Ҳамчунин, ба гумони мо, тамоюли динӣ - утопиявие бо номи толстойгаройӣ (бар пояи андешаҳои нависандаи номии рус — М.Р.), ки ҳамчун афкору неҳзати иҷтимоӣ дар қаламрави Русияи охири асри XIX ва аввали асри XX падид омада буд, ӯро то андозае ба худ во медошт. Асоси онро «ишқ»-и сартосарӣ, алайҳи бадӣ бо зӯроварӣ посух нагуфтан, аз роҳи такомули динию маънавӣ ба таҳаввулоти ҷомеа даст ёфтан ташкил дода, пайравонаш ҷамъиятҳои истеҳсолӣ-кишоварзӣ таъсис медоданд, аҳолиро аз пардохтани андоз ва адои хидмат дар артиш манъ менамуданд [6: 689].
Азбаски шоир зимни ин асар афкору зиндагии мардумони мусулмону ҳиндиро бештар ба доираи тасвир кашидааст, мо дар достон калимаю таъбирҳои динӣ ё ғайридинии мусалмонону ҳиндувон ва инчунин топонимикаи хатти сайри қаҳрамононро басароҳат мушоҳида менамоем. Чунончи, а) Маҳендра Пратап, мавлавӣ Баракуатулло, Убайдулло (номи қаҳрамонон); Ҳиндукуш, Ҳимолой, Хайбар (номи кӯҳҳо); Ганг (номи дарёҳо); Шива, Лакшми (номи илоҳаю худоён дар мазҳаби индуизм); Ҳинд, Ҳиндустон, Деҳрадун, Мазори Шариф, Кобул, Когон, Бухоро, Русия, Петербург, Москва, Рум (номи мавзеъ, шаҳр ва кишварҳо); шакар, ҳинду, ҳинд, ҳиндуён, сарӣ, роҷа (таъбирҳои ҳиндибунёд ва ё хоси фарҳанги он кишвар); б) калимаю таъбиҳои хоси мазҳаби муҳаммадӣ: иншолло, қазо, рӯзи явмулҳисоб, аламнашраҳ, ҷузву Қуръон, мулло, холиқулмаонӣ, ҳафтякхонӣ ва ғайра. Хулоса. Бо вуҷуди он ки пас аз таълифи асари машҳури М. Турсунзода дар ҷуғрофиёи сиёсии дунё тағйироту таҳаввулоти чашмгир ба амал омада, баъзе арзишҳои идеологии вақт моҳияти пешини худро аз даст додаанд, вале завқу салиқаи ҳунарии нигоранда, эҳсоси наҷиби истиқлолиятхоҳии фарду ҷомеаи воҳид, муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо, ҳамгироии фарҳангҳои мухталиф дар чаҳорчӯби як кишвар ба хотири амалӣ гардондани ормонҳои миллӣ ва монанди инҳо, ки дар достон ба назар мерасанд, инчунин робитаҳои адабӣ ҳеҷ гоҳ беасар нахоҳанд монд.
Калидвожаҳо: Маҳендра Пратап, ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ Кремл, Ҳиндустон, ҳукумати «Бахт», мулоқот бо Ленин, толстойгароӣ.
АННОТАЦИЯ
В данной статье речь идёт о политической борьбе Махендра Пратапа — главном герое поэмы М. Турсунзаде по имени «От Ганга до Кремля», который руководил национально-освободительном движением Индии начало XX в. Чтобы заручится вниманием и поддержкой соседних государств в своей борьбе, Махендра Пратап в третьей декаде 1919 года в Кремле встретился с руководителем первого государства рабочих и крестьян — В.И. Лениным.
ANNOTATION
This article is about the political struggle of Mahendra Pratap, the main character of the poem M. Tursunzade by the name of “From the Ganges to the Kremlin”, who led India’s national liberation movement at the beginning of the 20th century. In order to gain the attention and support of neighboring states in his struggle, Mahendra Pratap in the third decade of 1919 in the Kremlin met with the head of the first state of workers and peasants - V.I. Lenin.
Пайнавишт
1. Сайфуллоев А. Роҷа дар Кремл, саҳ. 115-130//маҷ. «Садои Шарқ», №1, 1971.
2. Табаров С. Факти таърихӣ ва инъикоси бадеии он, саҳ. 108-117 //маҷ. «Садои Шарқ», №8, 1981.
3. Табаров С. Ягонагии ҷанбаҳои таърихӣ ва адабӣ – бадеии як достон, саҳ. 5-30 // Маҳорати эҷодии Мирзо Турсунзода (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ). Д.: УДТ, 1981. — 100 саҳ.
4. Турсунзода М. Куллиёт. Иборат аз шаш ҷилд. Ҷ. 2 (Достонҳо ва либретоҳо). Д.: «Ирфон», 1971. — 336 саҳ.
5. Турсунзода Ф. Лаҳзаҳо, лаҳзаҳои хотирмон…, саҳ. 11 // ҳ. «Адабиёт ва санъат», №41 (1596), 13.10.2011.
6. Философский энциклопедический словарь / Гл. редакция: Л.Ф. Ильичев, П. Н. Федосеев, С.М. Ковалев, В.Г. Панов — М.: Советская энциклопедия, 1983. — 840 с.
7. Ҳодизода Р. Таносуби услубу устухонбандӣ, саҳ. 101-108 //маҷ. «Садои Шарқ», №4, 1972.
8. Шаҳобуддини Шуҷоъ (Маҳмадшоев Ш.) Бозтоби анъана дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода. Д.: «Дониш» , 2011. — 170 саҳ.
9. Энсиклопедияи советии тоҷик. Иборат аз ҳашт ҷилд. Ҷ. 7. Д.: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, 1987. — 640 саҳ.

02.04.2020     119