Одамизода агар беадаб аст…

Одамизода агар беадаб аст…

Ниёгони бузургу ворисони…

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд, вале мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар фарох доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман, паст рафтани ахлоқи одамиро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз рӯйи дидаю шунида ва мушоҳидаҳои рӯзмарраи хеш мебинем, ки ин раванд дар рагҳои дунёи куҳан чун хуни фасодноки зиёновар ҷорӣ шуда истодааст. Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи накӯ буданд. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Қобуснома»-и Кайковус, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ.

Аммо имрӯз чун мебинӣ, ки вориси хомхаёли чунин бузургон даст ба амале мезанад, ки иснод ба рӯҳи эшон аст, афсӯс мехӯрӣ ва дилат ба дард меояд…

Дарси адаб бар беадаб?

Чанде пеш дар нақлиёти мусофиркаш ё ба истилоҳ «маршрутка» шоҳиди воқеае гаштам, ки намунаи бисёр баланди бадахлоқии ду нафар, кӯдаки ду ё сесола ва модари ҷавони ӯ буд. Ҷавонзани зебои хушлибоси 25-30 сола ҳамроҳи кӯдаки тахминан сесолааш ҷойи ду нафарро банд карда менишаст. Аз истгоҳи навбатӣ марди зиёнамои айнакӣ вориди нақлиёт шуду ҷавонзан бо талаби ронанда кӯдакашро бағал карда ба ӯ ҷой дод. Мард нав ба курсӣ нишаста буд, ки сар шуд «сирки бепул», кӯдак чун моргазида чиррос зада талаб мекард, ки мард аз ҷояш хезад. «Хе даф ша, иҷа ҷои маҳай»- байни чирросаш такрор ба такрор мегуфт кӯдак. Модараш бошад, ба ҷои ором намудан, ба рӯи кӯдак чанд шаппотӣ зада ба мард муроҷиат карда гуфт: -«амак хезед, ин балозада қиёмати қоим мекунад!» « Не, қатъӣ ҷавоб дод мард,- кӯдакатро аз ҳоло тарбия кардан даркор, ту чихел модарӣ, ки ба ҷойи ором кардан, ӯро шаллоқкорӣ мекунӣ?!» «Э, ту сарат сап-сафед, портфелат як тонна, шарм надошта гапа намефаҳмию ин кӯдаки хар аз куҷо мефаҳмад?»- ғайричашмдошти ҳама дод зад, модари ҷавон нақлиётро манъ карда, духтарчаашро аз пештара дида сахттар зада аз он пиёда шуд. Марди зиёинамо,ки ранги рӯяш канда буд, пичирос зад: «Ҳеҷ гап не, ба ту беадаб дарс мешавад..»

 Модар намуна

Агар мақоли машҳури «Духтар чӣ гуна- модар намуна»-ро гӯяндааш ба тарзи дигар, яъне «Фарзанд чи гуна- модар намуна», иброз мекард, гумон мекунам, он саҳеҳу равшантар садо медод, зеро новобаста аз ҷинсият фарзандро модар тарбия мекунад. Падар ҳамеша пайи мусоид намудани шароити моддии фарзанд банд асту бузургтарин шарти одам будан- маънавиётро танҳо модар дар ботини фарзанд ҷой карда метавонад. Ёд дорам, чанд сол пеш дар матбуоте сӯҳбати донишманди маъруфи тоҷик, профессори суханшинос, шодравон Маҳкам Файзовро бо журналистон хонда будам, ва он кас дар бораи тарбияи атфол, устод андешаманд гуфта буданд: -Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз аксарияти модарони мо худашон мӯҳтоҷи тарбия ҳастанд. Мушоҳидаи дар боло овардашуда низ исботест аз бетамизиҳои зане, ки номи баланди модарро мушарраф гаштаю, аммо рисолати доштаашро иҷро карда наметавонад. Равоншиносон кайҳо исбот намудаанд, ки тарбияи тифл аз рӯзҳои аввали пайдо шудани ӯ дар батни модар оғоз меёбад. Баъдҳо, модар барои фарзанд як оинаи ибрат мешавад, ки дар ӯ ояндаи хешро муҷалло мебинад. Фарзанд аз синни хурдӣ дар сояи модар роҳ рафта, роҳи минбаъдии зиндагии худро муайян мекунад. Хулоса, модар роҳбалади ҳар як инсон аст.

Падар, ғайр аз он ки ризқрасони оила ба шумор меравад, бояд барои фарзандон намунаи олии эътимоду боварӣ, мардонагӣ, ростгӯию ростқавлӣ ва инсонӣ бошад.

Агар дар ахлоқи падари хонадон костагие мушоҳида шавад, осори хеле баде боқӣ мегузорад дар раванди тарбияи фарзандон.

Аз ин рӯ, волидонро лозим аст, ки назди фарзандон аз гуфтани алфози қабеҳ ва амалҳои ноҷо худдорӣ кунанд.

Кору рӯзгор ва тарбияи фарзанд

Мутобиқи қонунҳои ҷорӣ ҳар як зан ҳуқуқ дорад, ки дар давраи ҳомиладорӣ ва тарбияи фарзандаш ба рухсатии меҳнатӣ барояд. Аз рӯйи анъанаҳои миллии хонадории тоҷикон низ дар оилае, ки зани кӯдаки ширмакдошта зиндагӣ мекунад, барояш ғамхории махсусе зоҳир мекунанд. Аҳли хона ӯро аз бисёр корҳои рӯзгор озод карда дар ҳамдастӣ кӯдакро нигоҳубин менамоянд.

Мутаассифона, на ҳар бону аз ин гуна ғамхориҳо баҳраовар аст ва мешавад, ки модарон маҷбур кӯдаконро ба ширхоргоҳ ё ба доя монда ба кор мебароянд. Ин, албатта, ба тарбияи кӯдак, бетаъсир намемонад. Ду сол аст дар кишварамон бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои ҳунарҳои дастӣ созмон дода мешаванд. Ин ҷараён боз як ғамхориест нисбат ба бонувони тоҷик. Аз рӯйи ин барнома зан метавонад корҳоеро, аз қабили бофандагӣ, дузандагӣ, пазандагӣ ва ғайра дар хона анҷом дода барои зиндагӣ ва ғайра дар хона анҷом дода барои зиндагӣ пасандозе пайдо намояд. Паҳлуи дигари ин барнома, ба меҳмондӯстӣ ҷалб намудани фарзандон мебошад, яъне фарзанд хоҳу нохоҳ ба волидон пайравӣ намуда ҳунармандӣ меомӯзад.

Воқеан, пас аз машғулиятҳо ба меҳнати судманди хонагӣ ҷалб шудан, онҳоро аз амалҳои бад, беҷогардӣ, оворагӣ ва ҳамнишинӣ бо рафиқони беинтизомашон раҳоӣ мебахшад.

Меҳнатдустӣ инсонро аз тамоми ҷодаҳои сарбастаи зиндагӣ мебарорад. Ба хотири дар ин рӯзгори пурҳаводис аз вартаи бало-бадахлоқӣ раҳоӣ бахшидани фарзандон мо бояд тамоми чораҳоро бинем. Ба қавли Мавлавии бузург:

Одамизода агар беадаб аст, одам нест.

Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст!   

                                                                                    

Абдуғаффор Воҳидов,  ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист


25.04.2019     15