НИГОҲЕ БА АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар тақвими ҳар як халқу миллат рӯзҳои махсусе вуҷуд дорад, ки ҳамасола ҳамчун ид ва ё ҷашнвора таҷлил карда мешаванд. Яке аз чунин рузҳо Рӯзи Президент мебошад. Маълум аст, ки Рӯзи Президент дар ҳама давлатҳо дар санаҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои мустақил ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Аммо, бо як дигаргунӣ ва як шаҳомати хос. Бале, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо тафовути ҷиддӣ дорад. Агар дар дигар давлатҳо мақсад аз таҷлили Рӯзи Президент эҳтиром гузоштан ба ин мансаби олӣ бошад. Пас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Президент фаротар аз ин буда, ҳамчун иди миллӣ ва санаи муҳим дар таърихи миллат ҷашн гирифта мешавад. Албатта, чунин арҷ гузоштани мардум ба ин сана яъне, 16 ноябр мазмуни хоси худро дорад. Ин мазмун дар арзишҳои меҳварии ҳамин сана ниҳон аст, ки бозгӯии он арзишмандии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, муҳим аст, ки дар чанд дидгоҳ арзишҳои меҳварии ин санаи муқаддас ва муҳимми миллиро барои хонандаи зирак баён намоем.

1. Иқрор бояд шуд, ки миллати тоҷик баъд аз барҳам хурдани давлати муқтадири Сомониён тӯли ҳазорсола дар натиҷаи бедавлатӣ натавонист лидери сиёсии худро дошта бошад. Гарчанде, ки дар ин муддат шахсиятҳои фарҳангиву адабӣ дар дохили миллат хеле зиёд буданд, аммо сарвари сиёсие пайдо нашуд, ки миллатро сарҷамъ намуда, давлати миллиро бунёд намояд. Маҳз, баъд аз соли 1992 шахсияти миллӣ, лидери сиёсӣ ва миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсати тоҷикон зуҳур намуд ва сарнавишти ояндаи миллату давлати тоҷикро ба дасти худ гирифт. Санаи 16 ноябри соли 1994 барои миллати тоҷик оғози таърихи нав ва марҳилаи ташаккули лидери миллӣ гардид. Дар масъалаи лидери сиёсӣ фақат як нуктаро қайд намудан кифоя аст, ки маҳз лидери сиёсӣ, омили асосии ҳифз, нигоҳдорӣ ва рушди миллату давлат аст.
2. Санаи 16 ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ оғози тантанаи арзишҳои демократӣ ва ҳокимияти халқ аст. Сарвари интихобнамудаи халқ дар назди миллати худ савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолият оғоз намуд. Дар доираи системаи сиёсӣ низоми давлатдории демократӣ дар Тоҷикистон шакл гирифта, ба сӯӣ мустаҳкамшавӣ ва рушд қадам гузошт.

3. Ин сана омили воқеии барқарори сулҳу ваҳдат дар кишвар гардид, чун ҷумҳурӣ дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва беҳокимиятӣ дар мамлакат ҳукмфармо буд. Дар чунин шароит интихоби Президент оғози ҳамдигарфаҳмӣ ва паёми барқарории ваҳдати миллӣ буд. Оре, ҳамин тавр ҳам шуд. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, сулҳро барқарор, давлатро ором ва мардумро сарҷамъ намояд.
4. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарори сулҳ, таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз Тоҷикистон ҷойгоҳи муносиберо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб буда, бо ташаббусҳои созанда дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳмгузор аст.
Ин аст чанд дидгоҳи мухтасари воқеӣ, ки арзишҳои меҳварии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бозгӯӣ намуда, таҷлили ин рӯзро муқаддас намудааст.

Баъд аз интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кўҳанбунёди халқи тоҷик сулҳу субот, шукуфоии давлат ва беҳбудии мардумии худро интихоб намуданд. Эшон буданд, ки барои халқи заҳматкаши хеш ҷони худро дареѓ надошта, нигаҳдории тамомияти арзии кишвар, дифоъ аз душманони дохиливу хориҷӣ, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ кушиш намуданд. Мубориза бар зидди фасод, хазинадуздӣ, қонуншиканӣ, терроризмро ба роҳ монда, ин ва дигар зуҳуроти манфиро аз байн бурданд. Кӯшиш ва ибтикори ватандўстонаи Пешвои миллат буд, ки миллати тоҷикро имконияти ифтихор аз тоҷик ва тоҷикистонӣ будан даст дод. Пешвои миллат аз истиқлолияти Тоҷикистон ва миллати хеш аз олитарин минбарҳои сиёсии ҷаҳон бо ифтихор ҳарф мезананд ва барои ояндаи неки миллат бо боварии комил меболанд.
Танҳо имрўз, вақте ки халқи тоҷик озодии ҳақиқиву истиқлолиятро ба даст оварда, онро бо дилу ҷон ҳифз намудаву устувор сохтааст, ба шарофати ҷидду ҷаҳди бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқарориву пойдории сулҳу ризоияти шаҳрвандӣ имконпазир гардид. Андешаву ташаббус ва татбиқи барномаи баргардонии гурезагон, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат дар татбиқи хоставу орои мардуми кишвар тарҳрезӣ ва амалӣ гардид, барои созандагии Ватану миллат, равона кардани қувваю нерӯи тамоми тоҷикону тоҷикистониёни дохиливу хориҷи он тадбири ҳакимонае буд, ки дар таҳқиму пойдории давлату миллати тоҷик нақши пайвандгарро бозид. Дар ҳошияи ин тадбирот ба давлати навтаъсиси тоҷикон муяссар гардид, ки таърихи қадимии тоҷиконро эҳёву барқарор, мақому мартабаи абармардони миллат, фарҳанг ва тамаддунсози онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, бори аввал дар тамоми ҷаҳон ҷашнҳои байналмилалии 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни Ориёӣ, соли Рўдакӣ, ҷашнвораи Борбади Марвазӣ, арҷгузории 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, бузургдошти Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит, 600 - солагии Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ, 100 солагии Шаҳидӣ, 3000-солагии ноҳияи Ҳисор ва ѓайра бошукўҳ ва густурда таҷлил гашт.

Нақши Пешвои миллат дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии он бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёӣ дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст. Ҳисси роҳбарӣ ва ватандўстӣ, ба замми он Пешвои миллӣ будан дар вуҷуди Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳазоти бўҳронӣ хеле равшан ва ба пуррагӣ намудор гардид. Ба ѓайр аз ин, ба Сарвари давлати ҷавону навтаъсис на танҳо шаъну шарафи ботинӣ, балки омилҳои берунӣ, яъне ҷаззобият, маҳорати ба худ моил кардан, рафтору кирдор, сурати зоҳирии зебо, сабру тоқат ва дарки тамоми душвориҳои вазъияти роҳбаре, ки идоракунии давлатро дар шароити илоҷнопазир ба дасти худ гирифта буд, мусоидат кард.
Дар таърихи навини Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари шинохташудаи давлатӣ, балки чун пешвои ҳақиқии миллат ташаккул ёфтааст. Ин боиси хушҳолист ва ифтихори воқеист.
Ибтикорҳои созандаи Ҷаноби Олӣ буд, ки Тоҷикистон ва мардуми он натиҷаҳои марҳилаи 29-солагии рушди ҷумҳуриро ҳамчун як давлати мустақилу соҳибистиқлол ҷамъбаст намуданд. Эътирофи байналмилалии Тоҷикистон бинобар кўшишу заҳмати бепоёни Пешвои миллат дар солҳои истиқлол бо номи Президент иртиботи мустақим дорад. Дар арзи 20 соли охир кишвари мо ба узвияти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, узвияти бисёре аз созмонҳои бонуфузи байналмилалиро касб намуд, ки хидмати асосӣ дар ин роҳ ба Сарвари давлат мутааллиқ аст.
Эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 оѓоз шуд. Асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки иборат аз мароми татбиқи сиёсати хориҷии соҳибистиқлолу баробарҳуқуқ, мусолиматомез ва тарафайн муфид мебошад, дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилал ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад ва дар фаъолияти хеш барои сулҳи пойдор, нобудии силоҳи ҳастаӣ, роҳ надодан ба истифодаи неру дар ҳаллу фасли мунозира ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол ҷаҳд менамояд, ба ҳамкории байни давлатҳо дар ҳалли масоили ҷаҳоние, ки дар рў ба рўйи инсоният қарор доранд, рушд мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар назди ҳамаи шарикон ва бидуни ҳамагуна пешрафт барои имзои бевоситаи баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманди созишномаву шартномаҳои дуҷониба ва гуногунҷониба, ки манфиатҳои ин ё он давлати мустақилро маҳдуд намесозанд, кишвари кушода эълон мекунад».

Маҳз тарҳрезӣ ва татбиқи чунин барномаи сиёсӣ аз ҷониби Пешвои миллат боис гардид, ки имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 151 кишвари ҷаҳон расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи асноди асосии муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Қатъномаи ниҳоии Хелсинки ва санадҳои дигар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро поягузорӣ менамояд, инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии онро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзишҳои олӣ мешуморад. Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои кушод» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад.

Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Соли 1993 - 12 созмони байналмиллалӣ аз қабили СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки бозсозӣ ва рушди Арупо, дар соли 1994 – 8 созмони байналмилалӣ, соли 1995 - ду созмони байналмилалӣ ва соли 1996 - ду созмони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои хешро ифтитоҳ намуда, ба фаъолият шурўъ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доимо ва ҳамаҷониба ҷонибдору муҳофизи манфиатҳои миллии кишвари тоҷикон, таҳиягари мароми ба миллат манфиатноки сиёсати хориҷӣ буда, ҳамеша дар суханрониҳои худ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ иброз ва зикр менамоянд, ки «ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳоят аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат аст. Маҳорати сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ дар дарёфти тавозуни дуруст ва одилонаи манфиатҳои кишварҳои мухталиф зоҳир мегардад».
Пешвои миллат хеле хуб дарк намуданд, ки дар марҳилаи эҳё ва муттаҳидсозии давлати навини тоҷикон, ба он обруву эътибори собиту устувор бахшидан бидуни ширкату фаъолияти Тоҷикистон дар бонуфузтарин иттиҳодия ва созмонҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Бинобар ин Пешвои миллат яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистонро иборат аз ширкат дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб медонанд. ИДМ имрўз баёнгари умумияти миллионҳо нафар сокинон дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравист ва ҷавобгўи хостаҳову манфиатҳо, орзуву омоли интегратсионии онҳо мебошад.

Фаъолияти ҳаррўзаи муфиди Пешвои миллат буд, ки бонуфузтарин ва пуркортарин ташкилотҳои байналмилалӣ аз рўзҳои аввалини ташкилшавии кишвари соҳибистиқлоли тоҷик бо он ҳамкории судманди созандаи башаргароёнаву эҳёгар намуданд. Бинобар обруву эътибори шахсияти Пешвои Миллат Созмони Милали Муттаҳид ўро ҳамчун сарварии расмии сиёсии давлату миллати тоҷик эътироф намуда, ҳамроҳи ў ҷиҳати эҳёву барқарории Тоҷикистон фаъолиятро оѓоз кард. Дар арзи 27 соли ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Миллалӣ Муттаҳид «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 маротиба дар иҷлосияҳои Маҷмаъи умумии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд ва бо ироаи пешниҳодҳои муфассал дар бораи манфиатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷўҳи аҳолии сайёраро ба масоили Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Афѓонистони ҷангзада ҷалб намудаанд».
Маҳз бинобар дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардани обрӯву эътибори бесобиқа аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти сиёсии байналмилалии сулҳофарину мутавозини ў имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Беларусия, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Фаронса, Федератсияи Русия, Ўзбекистон, Афѓонистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирѓизистон фаъолият мекунанд. Чунин ҳайати дипломатии бонуфуз дар як кишвари кўчак, ки ҳамагӣ 29 соли истиқлолият дорад, намоёнгари дар муддати кўтоҳтарин сазовори эътирофи умум гардидани самти сиёсати байналмилалии он мебошад, ки саҳми бечунучарои Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони ҷумҳурӣ, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои фаъолияти хеш масъалаи муттаҳидии ҷомеаро дар рафти ҳамаи корҳо қарор дод ва дар тўли ин солҳо сиёсати мазкур, яъне сиёсати сулҳу созишро пеш мебаранд. Ин сиёсати дохиливу хориҷии татбиқнамудаи ў кишвари қадима ва тозаҷавони тоҷиконро дар як муддати кўтоҳ воҳиду муттаҳид, фарҳангу таърихи онро- мақбули ҷаҳон, мақому мартаби Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон вижаву мубрам намуд. Имрўз мардуми кишвар бо қаноатмандиву ифтихори беандоза аз Пешвои миллат хоҳишманди он аст, ки доимо ҳамроҳи ин халқи бузургвор бошанд ва ҷиҳати пешрафту рушду нумӯи он фаъолияти созанда намоянд.

Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.


Саидшо ТАИБОВ - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


27.11.2020     322
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php