Махтоб, ки руи пок дорад, аз бонги саге чи бок дорад

Агар хар каси худшиносу худогох ба сарлавхаи гузориш назар мафканад бе мутолеаи давоми он тез пай мебарад, ки ин сухан сазовори кист? Миллати бостонии точик дар тули хазорсолахо чи бадбахтихоеро аз сар нагузаронида буд. Аммо азму иродаи озодхохиву истиклолиятхои ин миллатро дар тули таърих на теги шамшери Искандари Макдуни, на тозиёнаи Ибни Кутайба, натохтутозхои Чингизхон ва на каламанорахои Темури Ланг шикаста натавонист. Дар поягузории илму фарханги точикон сахми фарзандони фарзонаи миллат аз кабили Рудакию Фирдавси, Синою Беруни ва дигарон нихоят бузург аст.

Таърих гувох аст, ки точикон дар тамаддуни умумибашари бо таърих ва фарханги пургановаташон накши муассир гузоштаанд. Тегу силохи ин миллат когазу калам буд. Сохибфархангии ин миллат гарчанде аз китоби «Авасто» сарчашма гирифта бошад, хам дар асрхои баъдина, хусусан замони хучуми арабхо ба сарзаминашон мохияти китоби мукаддаси «Куръон»-ро тез дарк намуда ру ба суи дини мубини Ислом оварданд. Миллати куханбунёди точик тез дарк намуданд, ки «Мусулмони ба идрок аст ва дарки зоти он по каст…». Барои исботи ин гуфтахо ру ба тадкикотхои олимони таърихшинос меорем, ки мохияти харакати Шуубияро чунин ба калам додаанд: «Арабхо тамоми мувафаккияти чомеаи исломиро ба худ нисбат дода, халкхои гайриарабро тахкир мекарданд. Истилохи шууби, бархоста аз як ояи Куръон аст, ки дар он бартаричуии кавмиву нажоди махкум гашта, порсоиву илму маърифат чун меъёри наздик будан ба Худо эътироф шудааст.» . Точикони сохибфарханг пайваста аз арабхои истилогар суол мекарданд, ки чаро ин кадар дину китоби бузург, вале амали зулмро шумо аво мебинед?

Пушида нест, ки точикон дар замири гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек рушд ёфтанд ва ин дилу нияти пок  доштан дар гирудорхои таърих баъзан  точиконро аз точи ачдодии Каёни махрум месохт. Бехуда нест, ки сарвари давлат дар китоби хеш «Точикон дар оинаи таърих» ба ин масъала равшани андохта, бо ин тадкикоти пурарзишаш миллати бостонии точикро пайваста аз хатогихои гузашта хушдор медихад. «Достони Рустаму Сухроб  достони хаёли дар «Шохнома» нест, балки он аз такдири халке ривоят мекунад, ки макри Афросиёбхоро надониста, боиси гиря ва фигони модари точик мегардад». -  менависад Чаноби Оли. Ё худ Фирдавсии бузургвор хазор сол кабл аз пайдо шудани душман дар байни мардуми форсу точик хушдор дода, онро дар достони «Кова ва Заххок» ба таври равшан дар шохасараш гирд овардааст. Дар таъбири мардуми мо мор рамзи душман аз кадим вучуд доштааст ва то имруз хам мардум ба он бовари доранд. Баъд аз хазорсолахо морони Заххок имруз низ дар тани  зархаридон ва душманони ин миллати бостони зухур кардаанд ва ташнаи магзи фарзандони Коваи охангар хастанд. Хушбахтона миллати точик аз таърихи гузаштаи хеш ибрат гирифтаанд ва ба неши захрдори Заххоки асри 21 нимнигохе хам намекунанд. Онхо аллакай пай мебаранд, ки захри ин моронро алакай дар танашон эхсос карданд, ки монанд ба солхои 90-уми асри гузашта, кариб такдири давлати Сомониёнро  дар давлати сохибистиклоли хеш такрор мекарданд.

Пас бармегардем ба хулосаи мавзуъ : Дар таърихи муосири точикон дар симои рохбари ТЭТ «хизби нахзат» - Заххоки асри 21 хувайдо гардидааст, ки бо паёмхои тафрикаангезу ахриманонааш мехохад, таърихи талхи гузаштаро бар сари миллат биёрад. Вале бехабар аз он мондааст, ки 18 фарзанди Коваи охангар акнун 9 миллион шудаанд ва хеч гох намегузоранд, ки туъмаи морони хунхори у гарданд.

Точикон имруз дар фазои софу ороми кишвар зиндаги карда истодаанд ва ба хеч гуна игвои хоинони миллат гуш намедиханд ва ба «мачлису гирдухамои» онхо хеч гох дода намешаванд. Миллати точик имруз чун ниёгонашон такя ба илму фарханг мекунанд. Хак бар чониби Фирдавсии бузургвор, ки фармудаанд:                                  

Хама сар ба сар тан ба куштан дихем,

Аз он бех, ки кишвар ба душман дихем.    

Шуъбаи тарбия


19.09.2020     170