Куҳҳои зарфишонат кони зар…

Куҳҳои зарфишонат кони зар…

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин ва басо зебову дилфиреб аст.

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Вахшу Хатлон, Ҳисору Варзоб,   Кӯлобу Бадахшону Суғд барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш - мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд.

Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст.

Кӯҳҳои зарфишонат   кони зар,

Сарвату тиллои ту машҳури даҳр.

Пахтаи бишкуфтаат рамзи ҳаёт,

Гандумат нони ҳама аҳли башар.

Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу, Нораку, Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.

Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад.

Дар замони муосир туризм ба яке соҳаҳои тараққикарда табдил ёфта истодааст. Таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷахонӣ аз нигоҳи туризм   ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳанги таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи туристӣ дорад. Тоҷикистон дар ин миён ба дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳанги тарихӣ ва табиӣ набояд дар канор монад. Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳанги таърихӣ ва табиӣ - обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Явроз, Обигарм, Чилучорчашма, Гармчашмае, ки оби гарму хунуки минералӣ дорад, садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд ва ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии Рашт, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроққум дар тӯли даҳ соли охир истироҳатгоҳҳои зиёде бунёд карда шуда истодааст, ки ин соҳаи туризмро ба сатҳи байналхалқӣ рушд дода, онро ба яке аз манбаи даромади дохилии Точикистон табдил хоҳад дод.

            Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” ба мисли истироҳатгоҳҳои “Гармчашма”, “Авҷ”, ”Ямчун”-и “Бадахшон“ ва “Хоҷаобигарм”-и ноҳияи Варзоб, ”Сафеддара” – бо ҳаво ва кӯҳҳои беназири худ беҳамто аст. Биноҳои осоишгоҳ миёни ин теппаҳо ҷойгир мебошанд. 

Чилучорчашма, ки дар Тоҷикистон хеле машҳур аст, мавзеъи зиёрат ба шумор меравад. Осоишгоҳи Зумрад - калонтарин тафреҳгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Омили асоси табобати ин осоишгоҳ муолиҷа бо лойқаи шифобахш мебошад.

Афзоиши ҳаҷми сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳуриамон, маҳз бо шарофати сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тадбиқи ислоҳоти иктисодӣ дар кишвар ва баргузории чандин чорабиниҳои бузурги ахамияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ дошта, муяссар гардид.

Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад ва он боиси баландшавии сатҳи иқтисодиёти кишвар гардида, сабаби баландшавии сатҳи некуаҳволии халқ мегардад.

Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёду демократӣ шинохтанд.

Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад ва бо захмати беандозаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик ба қуллаҳои баланд рӯ ниҳодааст. Беҳуда нест, қариб тамоми давлатҳи дунё бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ бастаанд ва боварӣ аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин росто боз нақши муассиртаре хоҳад гузошт.

 

З.А. Муҳамадиева, Д.М.Наҷмиддинова,

устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ


16.05.2019     6