КОХИ НУР

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи стратегии халқу давлати Тоҷикистон эълон гардида, бо татбиқи пайгиронаи ин ҳадафи олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт. Бо талошҳои хастанопазири роҳбарияти давлат ва миллати тоҷик ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун-иншооти тақдирсози аср ба кор дароварда шуд, ки самараи арзишманди истиқлолияти давлатӣ ва қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳадафи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин неругоҳ аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. 16-уми ноябри соли 2018 агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки тамоми сокинони мамлакат ин рӯзи фаромушнопазири таъхрихиро солҳо боз интизор буданд, ба кор дарова шуд. Ҳамон рӯз хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии неругоҳи барқи обии “Роғун” бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар неругоҳ бештар аз 570 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аст. Имрӯзҳо дар макони бунёди неругоҳ, ки ба корзори воқеии нангу номус ва майдони ифтихору иттиҳоди миллати тоҷик тадбил ёфтааст, зиёда аз 20-ҳазор мутахассисони тоҷик бо азму иродаи қавӣ, бо эҳсоси баланди худшиносӣ заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд. Неругоҳи азими аср, ки ба даҳгонаи ишнооти бузурги гидроэнергетикии ҷаҳонӣ шомил аст, агар аз як тараф муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб равад, аз тарафи дигар муаррифгари халқи тоҷик ҳамчун миллати созандаву тавоно дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 9-уми сентябри соли 2019 дуюмин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода шуд. Таърих бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик тафаккури созанда ва қудрати ободгарона дорад. Ҳамин рӯзи соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кардааст. Баъди гузашти давраи кутоҳи таърихӣ кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба як мамлакати мутаррақӣ ва пешгому ташаббускор дар арсаи олам шинохта шуд. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон дар ин рӯз, яъне 9-сентябр боз шоҳиди ду саҳнаи пуршукӯҳу фаромушнопазири таърихӣ гардид. Таърих дар пешорӯи миллати сулҳхоҳу ободгари тоҷик имтиҳони ҷиддиеро гузошта, исбот намуд, ки ин миллат бо муттаҳидӣ, рафоқат, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ақлу заковат ва оянданигарӣ метавонад тамоми мушкилу монеаҳоро паси сар намояд ва дар роҳи интихобнамудааш муваффақ шавад. Маврид ба зикр аст, ки сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст. Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон вароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали неругоҳ фаъолият намоянд. Неругоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад. Аъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Воқеан, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ ва иншооти бузург аср аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаҳои устувор мегузорад.
Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино С. Таибов 
Хабарнигори ҳамин шуъба ДАВЛАТЁР ВАЛИЕВ

21.08.2020     574
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php