ДАРДИ ДАНДОНИ МОДАРИ ҲОМИЛА – РАНҶУ АЗОБИ ТИФЛИ БАТН

Таҷрибаи кор, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаи охир муроҷиати занони ҳомила ба табибони дандон- стоматологҳо ниҳоят зиёд шудааст. Дар назари аввал гӯё ин кори хуб аст, ки модарон аз саломатии хеш бохабаранд ва бепарво нестанд, мехоҳанд дандонҳои солим дошта бошанд. Вале назари тиб ба ин дигар аст. Дар ин ҳолат табобат метавонад ба модар ва тифли батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Дар даврони шӯравӣ ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро ёфта буд, аммо кунун аз мадди назар дур мондааст.
Бояд гӯшзад кунем, ки имрӯз 97 дарсади занони ҳомилаи ҷумҳурӣ ба ёрию мадади стоматологҳо эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, ба ёрии радодии стоматологӣ – 60 дарсад, ба ёрии ҷарроҳии стоматологӣ – 25 дарсад. Ин рақамҳоро набояд кам шумурд ва нодида гирифт. Дар Руссия барин мамлакати муқтадир, ки чандин баробари ҷумҳурии мо аҳолӣ дорад, ҷарроҳии стоматологӣ ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳад, бубинед, фарқ аз замин то осмон.Ин аз сатҳи маърифати тиббии модарони азизи мо шаҳодат медиҳад, умед аст, ки малол намешаванд.
Роҳи ҳалли босамари ин кор ба роҳ мондани ҳамкории зичи генекологҳо, табибони оилавӣ ва стоматологҳост. Мақсад он аст, ки модарон бояд то ҳомиладорӣ дандонҳо, ҷоғу даҳонро пурра табобат кунанд, то ки давраи ҳомиладориашон осону осоишта гузарад ва тифли батнашон осебу озоре набинад.
Ба ҳама равшан аст, ки тифли батн тамоми ғизоро аз вуҷуди модар мегирад. Табибон ба занони ҳомила ба такрору таъкид ёдрас мекунанд, ки маҳсулоти дорои маъданҳо (калсий, фосфор, калий, магний) бисёр истеъмол намоянд. Зеро инкишофи тифли батн аз таркиби ғизо, аз серҳаракатӣ, аз рӯҳия, ба як сухан пурра аз саломатии модар вобаста аст. Масалан қисми зиёди калсий, ки ба вуҷуди модари ҳомила ворид мегардад, онро ҷанини (тифли) инкишофёбанда ҷаббида мегирад. Ин ҳолат дар давоми 6-7 хафтаи хомиладори рӯй дода, ба давраи пайдоиши устухонҳои дандон, табодули моддаҳои маъданӣ дар дандонҳои ширӣ, пайдоиш ва ташаккули дигар устухонҳои бадани тифл вобаста мебошад.
Модарони ҳомила дар ин айём ҳасосу нозук мешаванд, ҳатто анадаке гармӣ ва ё хунукиро дарҳол дар дандонҳо эҳсос мекунанд.
Бисёр модарон ҳангоми ҳомиладорӣ мушоҳида мекунанд, ки дандонҳояшон ба дард меояд, муйи сарашон мерезад, нохунҳо шаклашонро дигар мекунанд. Сарчашмаи ҳамаи ин тағйиротҳои вуҷуди модар маҳз аз ғизои нокомил хӯрдан, аз нарасидани маъданҳо, бахусус калсий сар мешавад. Агар модарони азиз ба табибон, аз ҷумла стоматологҳо маслиҳату машварат кунанд, метавонанд аз ин ранҷу дардҳо эмин бошанд.
Паҳншавии бемории кариес (пусиши дандонҳо) дар давраи дуюми ҳомиладорӣ ба ҳолати таксикози занони обистан вобаста мебошад, ки то 95 дарсад меафзояд.
Агар бемориҳои стоматологӣ дар модарони ҳомила саривақт пешгирӣ карда шавад, ба ин восита ду масъалаи бисёр муҳим роҳи ҳалли худро меёбад: аввалан, худи модарон аз ҷиҳати стоматологӣ солиму бардам хоҳанд буд, онҳоро дар давраи ҳомиладорӣ ҳеч хавфу хатаре таҳдид нахоҳад кард; дуввум, дар тифли батнашон кариес ба амал намеояд. (Модарони дилбанд, таваҷҷуҳ фармоед, ҳоло тифл ба дунё наомадааст, аммо имкони пусиши дандонҳои оянда дар батн вуҷуд дорад).
Модарон дар давраи ҳомиладорӣ ба гигиенаи шахсӣ, пешгирии ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла дарди дандонҳо эътибори ҷиддӣ бояд диҳанд, то ки давраи ҳомиладорӣ осон гузарад:
 Назорати доимии тозагии даҳон;
 Истифодаи чуткаҳои мулоим ва дар як рӯз ду маротиба бо хамира шустани дандонҳо;
 Истифода набурдани хамираҳои сафедкунанда;
 Истифодаи хамираҳои табобатӣ барои мустаҳкам намудани сири (эмали) дандонҳо;
 Барои беҳтар шудани гардиши хун масҳ кардани милкҳои дандон.
Хамираи табобатиро ба милкҳои гузошта бо ангушти ишоратӣ аз тарафи дандон ба милк сабук ҳаракат диҳед. Муддати масҳ 7-9 дақиқа. Ҳар бор баъд аз ғизохӯрӣ даҳонро обгардон кунед.
Истеъмоли ғизои солим ба занҳои ҳомила бисёр зарур аст. Ғизоҳое, ки дар таркибашон калсий ва фтор доранд, на танҳо дандони модарро мустаҳкаму устувор мекунанд, балки шароити хубе барои пайдоиши ҷоғу рӯй ва дандонҳои тифли оянда низ фароҳам меоваранд. Модарони ҳомила бояд аз маҳсулоти ширӣ, ки дар таркибашон сафеда, калсий фаровон доранд, пайваста бояд истеъмол кунанд. Таҳти назорати табиб – стоматолог будани модарони ҳомила танҳо ба фоидаи саломатии онҳост. Аз ҳама беҳтараш он аст, ки модарон пеш аз ҳомиладорӣ дандонҳояшонро табобат кунанд, худро ба таваллуд намудан тайёр намоянд.
Дар давраи ҳомиладорӣ модарон бояд на камтар аз 4 маротиба аз муоинаи стоматологҳо гузаранд: дар давраҳои байни 6-8, 16-18, 26-28, 36- 38 ҳафта будани тифл.
Дар айёми ҳомиладорӣ дар модарон намудҳои гуногуни бемориҳои стоматологӣ ба вуҷуд омаданашон мумкин аст. Сабаб чист? Сабаб он аст, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ҷисми модарон то андозае сусту нотавон мешавад, ҳассосияти дандону милкҳо афзуда, боиси ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шудани дандонҳо мегардад. Аз ҷумла:
1. Газаки милки дандон (гингивит).
2. Обшавӣ, нобушавии дандонҳои ҷоғи боло (парадонтоз).
3. Римоварӣ, маддаҳосилкунии дандонҳо.
Ҳангоми ҳомиладорӣ манъ аст:
 Аз рентген гузаштан;
 Табобати дурударози дандонҳо.
Таибов Саидшоҳ Аюбович Асистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

16.05.2020     1155
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php