БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Бе надонистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодаанд. Фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ аз зумраи абармардони бо нангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навишани шоҳасри гаронбаҳо - «Тоҷикон» миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ менамояд. Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад, ва зуд шӯҳрат ёфт.
Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров барои таълифи китоби «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар солҳои таҳқиқу таълифи ин шоҳасари безавол нафарони бадхоҳи миллат буданд ва дар фаъолияти муаррихиву таҳқиқии алома Бобоҷон Ғафуров монеаҳо эҷод менамуданд. Ин гурӯҳи афроди тангназар намехостанд, ки арзишҳои бунёдӣ ва идомаи ташаккулёбиву созандагии халқи тоҷик чун китобе таълифу чун махзане барои наслҳои оянда гузошта шавад. Аммо фарзанди фарзонаи миллат академик Бобоҷон Ғафуров ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, шоҳасари гаронмояи халқи тоҷик-«Тоҷикон»-ро таълиф намуд, ки он аз муқаддима ва 6 фасл иборат мебошад. Дар ин шоҳасар аз Сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон маълумоти дақиқу возеҳ, бо сабти санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Асосгузори сулҳху Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба ифтихори ҷашни 100-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2008 таъкид доштанд, ки: «Китоби «Тоҷикон» шӯълае буд, ба саҳифаҳои торики таърихи миллати тоҷик рӯшанӣ андохт».
Алома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Дар таърих кам андар кам пешвоёни сиёсӣ ё сиёсатмадороне ёфт мешаванд, ки ҳамзамон ду кор, яъне касби олимӣ ва пешаи роҳбариро идома диҳанд. Хушбахтона, Бобоҷон Ғафуров ҳам олими ҷомеашинос буду ҳам роҳбари хирадманду некӯпеша. Агар дар кори роҳбарӣ баҳри ташаккулу шукуфоии Тоҷикистон талоши пайгирона карда бошад, дар кори олимӣ илми таъриху ховаршиносии миллиро ба по монда, ба таҳияву таълифи таъриху фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик пардохтааст. Фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров дар тӯли зиндагии пурбаракати хеш осори фарҳангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузоштаанд, ки теъдоди онҳоро метавон наздики 400 ба қалам дод. Дар миёни ин осори гаронмоя чунин шоҳасарҳои безаволро аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», Давраи кушониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Таҳқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ», «Равобити таърихии Осиёи Марказӣ бо мамолики Шарқи араб», «Ал-Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва «Искандари Македонӣ ва Шарқ»-ро бо камоли ифтихор метавон ном бурд. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, солҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26. 12. 2019) таъкид дошатанд: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Ин иқдоми наҷибу башардӯстона ва ояндабини Роҳбари давлат бори дигар аз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ дарак медиҳад. Дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷиконро зарур аст, ки аз таърихи пурифтихори халқамон огоҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ дар он аст, ки ӯ исбот намуд, халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи тоҷик аст ва бо итминон гуфта метавонем, ки номи неки ин абармарди таърихнигори миллати тоҷик то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.
хабарнигори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Валиев Давлатёр

27.03.2020     3672
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php