Ахлоқу одоби табибӣ Ба муносибати рӯзи табибон

Табиб бояд чашмони уқоб,

Дастони чевар, ақли мор

(расо) ва дили шер дошта бошад
Ахлоқу одоби табибӣ ин қоидаю меъёрҳои рафтору кирдор ва гуфтору муносибат натанҳо байни табибон, балки ҷомеи кормандони тиб ва беморон буда, риоя ва ба ҷо овардани онҳо нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеъа таъсири нек мегузорад. Табибони тоҷик имрӯз дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 аз имтиҳони бузурги зиндагӣ гузашта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар як мудати кутоҳ тамоми беморхонаҳо бо тачҳизотҳои муосир таъмин гаштааст, ки барои дармон аз вируси COVID-19 мусоидат менамояд. Табибон аз ҷониби давлат ва соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Имрӯз тибби муосир ба зинаи баланди инкишоф расида, хоса дар соҳаи ҷарроҳӣ ва бахши сироятшиносӣ, дар ихтирои олоту ҷиҳозоти ташхис, маводи табобат ва ғайра ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаст, ки сабаби беҳбудии зисту маишат, шароити кор, таъмини муҳити иҷтимоӣ ва дигар омилҳо, имкони аз рӯи виҷдон ва истеъдоди фитрӣ, бо амри рӯҳу равон ва мувофиқи савганди табибӣ амал карданро доранд, ки ин билохира ба муносибати хуби байни табибу бемор, таъсири дилхоҳ бахшидани доруву дармон ва дигар амалиёти тиббӣ бурда мерасонад.
Маълум аст ки ҳар сухан ва рафтори кормандони тиб, хулқу атвор, имову ишорат, авзою руҳия ва ҳолати ӯ дар ҳаёти бемор ва оқибати беморӣ таъсири мусбат ё манфӣ мерасонад. Биноан мавзӯи ахлоқу одоби табибӣ аз қадимулайём як қазияи умдаи тиб ба шумор меравад ва таваҷҷӯҳи табибҳои тамоми ҷаҳонро ба худ мекашад, зеро ҳеҷ пешае чун табибӣ ба ахлоқи пок ниёзманд нест.
Намояндагони барҷастатрини тибби қадим – Буқроту Ҷолинус, Розиву Абӯалии Сино ва дигарон ба таълим додани ахлоқу одоб ба аҳли тиб бисёр таваҷҷӯҳ фармудаанд.
Асосҳои ахлоқу пизишкии Шарқ дафъатан дар “Чарака-самхита “ ном рисолаи қадимтарини табиби шӯҳратманди ҳинд Чарака, ки тахминан дар а. 1 милод зиндагӣ ба сар мебурд, зикр ёфтааст.
Китоби номбурда ба ривоҷу равнақи тибби дунёи қадим таъсири бузурге гузошта, дар қуруни ва сатӣ ба забонҳои порсӣ ва тозӣ тарҷума шудааст. Чарака ба таълими табибон, чи сон сохтани бемористонҳо барои табобати амрози мухталиф бисёр тавваҷӯҳ менамуд. Вай муҳимтарин қавоиди ахлоқи табиби: ӯҳдадорӣ дар назди устод ва мариз; ғариз ва тамаъро дур доштан; меҳнати фидокорона; ҳифз доштани сирру асрори пизишкиро ба қалам дода фармудааст. Ки табиб бибояд пайваста ба ҳифзу беҳбудии саломатии мардум ғамхорӣ намояд, ӯ дар роҳи аз дасти дард ва марг наҷот додани мариз ҷони хешро дареғ надорад.
Табибони мамолики исломӣ ба боргоҳи суннат рӯйовардаанд, то хирадмандии гузаштагонро дарёбанд. Онҳо аз волиди тиб – Буқрот ва савганди ӯ се равишро ба таълим гирифтаанд. Якум, диққати том дар мушоҳида, дуюм, зарурати таҷрибаи тадриҷии шахсӣ, сеюм, вазъи ахлоқиро аз пешаи табиби ва аз ҳар ҳирфаи дигар авлотар донистан. Савганди Буқрот талқин мекунад, ки устоди пешаи пизишкӣ бояд поси падар ва модарро нигоҳ дорад ва устоду шогирд ба сурати як хонавода дароянд. Дар ситоиши омӯзгор ва арҷмандии ӯ беш аз падару модар суханҳо гуфтаанд, ки яке аз хомаи Саъдии бузургвор чакидааст: Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.
Саноати тиб дар мамолики Шарқи исломӣ дар қарнҳои васатӣ хеле рушду камол ёфт. Номи Абӯбакри Розӣ (865-925)-табиб, мутафаккир ва қомусшиноси ҳамадон на фақат дар тамоми мамолики шарқи Миёнаю Наздик, балки дар Аврупо бо исми Разес низ машҳур буд. Таълифоти тиббии ӯ то иншо шудани “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ба сифати китобидарсии донишҷӯёни тиб хизмат мекард. Розиро баъди Буқрот устоди дуюм писандидаанд.
Муҳаммад Закариёи Розӣ ба табибон ва толибони табибӣ фармудааст: “Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд басаводу фурӯтан ва мардумдӯст, болумоҳиза ва дурандеш бошад, мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накӯманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯи рӯ метобад. Ба замми ин ӯ бибояд шифогари закию доно бошад”. Розӣ таҷрибаро дар амалёти ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд андӯхтҳои табибони пешинро амиқ омузад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Вай ақида дорад, ки ҳунари шифо дар байни маорифи башарӣ барои худ ҷои шоиста интихоб карда ва табиб беш аз ҳар кас тавонистааст рукни асосии тамаддун гардад. Воқеан, табиб файласуф, пешгӯи табиат, нозири шоистаи ҳаёти инсонӣ, саломатбахши ҳамагон ва ташкилкунандаи назми хонадон аст. Китоби муқаддастарини тиб “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ёдгории бебаҳои тибби асри миёна буда, дар он умдатарин вазифаи табиб – инсондӯстӣ зикр ёфтааст.
Вазифаи табиб нигоҳ доштани тандурустӣ, сиҳат кардани бемор ва баргардондани саломатии аввала мебошад. Барои аз ӯҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд аввалан дониши худро ҳамвора мукаммал созад. Сонӣ, дониши андӯхтаи хешро мукаммал созад. Ва дар амал ҷорӣ намояд. Вале обрӯву эътибори табиб, - мегӯяд Ибни Сино, на фақат ба донишу маҳорат, балки ба ахлоқу одоби ӯ бастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.
Абӯали ибни Сино ба калом ва муомилаи табиб аҳмияти махсус додааст: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст”. Табъи хира (ланҷ), рӯҳафтодагӣ, ғаму ғусса кори дастгоҳи ҳазми хӯрокро бесомон месозанд. Табиб бояд муҳитеро фароҳамоварад, ки мариз аз фикру хаёлоти нохуш ва маъсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дард сахт умед бандад. Дар баъзе мавридҳо Бӯалӣ бо ёрии мусиқӣ, оҳангҳои дилписанд муолиҷа кардани беморро тавсия менамояд. Боз як хислати хуби Сино – беғаразӣ ва ҳазар аз тамаъ эътибори ӯро болотар бардошт. Агар ӯро ба назди беморе хонанд, пурсон намешуд, ки ин бемор аз куҷост ва аз кадом қавму табақа. Барои табиб шоҳу гадо баробар аст ва ӯ бояд бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал кунад. Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли рӯҳу равони ӯ вобаста аст. Бархе айбҳои ахлоқӣ, ки мумкин домангири табиб гардад, он аст, ки бо сарнавишти мардуми дигар дахолат мекунад, ба ҷоҳталабӣ ва озормандӣ ва ҳавасварзӣ роғиб шавад ва ба фармонҳои пешаи худ пушти по занад.
Ирфони исломӣ гӯёи ин нукта аст, ки танҳо табиби донишвар ва саршор аз таҷрибаи тиббӣ метавонад дар шифокории худ дорои эътиқоди баланд бошад.
Абӯҳомид Ғазолӣ (1058-1111) -файласуфи исломӣ бо қатъият мегӯяд, расидан ба дараҷаи олӣ танҳо бо андӯхтани таҷрибаи фаровон имконпазир аст. Табиб дар роҳи омӯхтани ҳунари шифои бемор бибоя дҳамеша ҳам дар амал ва ҳам дар андеша пухтакору сареҳкор бошад. Барои ин манзур вай як ёвари тиббӣ дари хтиёр дорад, ки дониш аст. Як низоми табиби фаро гирифтан ва расидан ба дараҷаи баланди дониш аст.
Алӣ ибни ал-Аббос ал-Маҷус Аҳвозӣ дар китоби “Оини пизишкӣ” дар миёни панду ҳикматҳои ба табибон бахшида фармуда: “Ҳамчуноне, ки дар ҳаққи падару модари худ эҳтиром ва некӣ мекунед ва ононро дар дороии худ шарик медонед, бояд дар ҳаққи устодон низ чунон кунед. Табиб бояд дар табобати беморон чӣ бо ғизо чӣ бо дору бикушад. Мақсадаш аз дармон сӯистифода ва пулпарастӣ набошад ва бештар савобро дар мадди назар дорад. Дар ҳамкорӣ бо фирмаҳои доруфуруши аввал манфиати беморро ба назар гирад, Ҳеҷ гоҳ бабемор доруи хатарнок надиҳад ва васфи онро низ ба бемор нанамояд ва маризро бо чунин доруҳо на далолат кунад ва на аз он сухане ронад. Аз таҷвизи доруҳои музир барҳазар бошад. Табиб меҳрубону хушзабон бошад, дар дармони ҳар қабилаи беморон бо ҷиддияти том бипардозад, дар фикру суд ва тамаъ набошад. Табибро раво нест машғул ба ҳар гуна бозиҳо, айшу ишрат ва кайфу сафо, майнӯшӣ бошад. Ӯ бояд пайваста дар мутолиаи адабиёт ва маҳз адабиёти мушаххас саргарм бошад ва бикӯшад, ки чизҳои заруриро дар хаёлхонаи худ собит созад, то ҳамеша ниёзманди кутуб набошад.
Ҷӯяндаи илми тиб бояд ҳамвора дар бемористонҳо ва маҳалли маризон дар хидмати устодони донишманд ва табибони ҳозиқ ба хизмати беморон ва аҳволи онон бипардозад. Бо ин роҳ вай ба мартабаи баланди саноати тиб метавон бирасад.
Ахлоқу одоби табибӣ ба маънои мушаххас ин вожа пайваста аз аҳсосоти ботинӣ сарчашма мегирад. Чунин эҳсос ҳеҷ гоҳ табибро аз дучор шудан бо масоили рӯзмарраи ҳунари шифогарӣ боз намедорад. Вазифаи умдаи табиб он аст, ки бо тадобири борҳо аз санҷиш гузашта ба кӯмаки инсон биштобад ва вайро ба дасти қазову қадар насупорад.
Файласуфони исломӣ Форобӣ ва ибни Ҳалдун фармудаанд, ки табиб бояд ба ҳифзи ҳоли табиии тани инсону беҳдошт ва ҳамоҳангии зиндагонӣ мадад бирасонад. Ибни Маймун гуфтааст, ки “Тиб он чиро, ки судманд аст, бифармояд ва он чизе, ки зиён меоварад, барҳазар дорад. Аммо барои интихоби судбахш маҷбур накунад ва барои баргузидани зиёнбахш ҷазот надиҳад".
Тавре имрӯз мушоҳида мешавад, дар баробари сар задани вируси сироятии коронавирус COVID-19 бархе аз одамон ба харид ва истеъмоли нодурусти баъзе доруҳо пардохта, боиси кампайдоии онҳо дар дорухонаҳо ва боло рафтани нархи онҳо гардиданд. Ҳол он ки истеъмоли худсаронаи чунин доруҳои зиддивирусӣ боиси паст гардидани иммунитети бадан шуда, илова бар ин ба иқтисоди хонавода таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли табиии меваву сабзавот беҳтарин дармон аст ва ба болоравии иммунитети бадан мусоидат менамояд.
Хоҷа Носири Тӯсӣ дар китоби “Ахлоқи падари хонавода” (а....) фаъолияти табибро чун кори падари хонавода дониста аст, зеро падар ва табиб ҳарду ӯҳдадори мудирият ва иқтисоди мебошанд.
Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа 
Турсунова З.-мутахассиси шуъба

06.08.2020     50