1. Коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерсохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” оид ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ;
			2. Банақшагирӣ ва ташкили омодасозии кадрҳои илмӣ;
			3. Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва иттилоотии омодакунии кадрҳои илмӣ;
			4. Ҳамоҳангсозии таълимӣ-илмии омодакунии кадрҳои илмӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии омодакунии онҳо;
			5. Тайёр намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогии баландихтисос;
			6. Таҳияи нақшаи қабул ва хатми докторантура аз рўи ихтисос (РhD), аспирантура, унвонҷўён, магистратура ва назорати иҷроиши онҳо;
			7. Фароҳам овардани шароити мусоид баҳри корҳои илмӣ-тадқиқотии докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон, таъмин бо иттиллоот ва ташкили чорабиниҳои илмӣ, амалӣ дар Донишгоҳ ва хориҷӣ кишвар;
			8. Гузаронидани эскпертизаи маводҳои аввалияи рисолаҳои илмии диссертатсионӣ докторантон, аспирантон ва унвонҷўён;
			9. Назорати иҷроиши нақшаҳои инфиродии докторантон аз рўи ихтисос РhD, аспирантон ва унвонҷўён;
			10. Гузаронидани имтиҳонҳои номзадии минимумӣ барои докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон ва унвонҷўён;
			11. Таъмини нигоҳ доштан ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон;
			12. Ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” ва шўроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ.