Гузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласаи комиссияи эскпертӣ-проблемавии байникафедравӣ оид ба фанҳои назариявии ғайритиббии донишгоҳ

Гузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласаи комиссияи эскпертӣ-проблемавии байникафедравӣ оид ба фанҳои назариявии ғайритиббии донишгоҳ

Илм мушкилоти инсониятро дар ҳама ҷанбаъҳои рӯзгор осон менамояд. Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи ҷомеа, хусусан талаботи макотиби олӣ ба илм боло меравад. Донишгоҳи тиббӣ, низ ба хотири пешрафти илму фан барои кормандони худ шароиту имкониятҳои фаровоне фароҳам намудааст. Дар донишгоҳ Ҷаласаи комиссияи эскпертӣ-проблемавии байникафедравӣ оид ба фанҳои назариявии ғайритиббӣ амал мекунад, ки аз он ҷумла ба тасдиқ намудани мавзӯи рисолаҳо дар риштаҳои ғайритиббӣ ихтисос дода шудааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии маданияти башарӣ эмин нигоҳ доштани сарватҳои миллӣ, аз ҷумла забон вазифаи муҳимми донишмандони соҳа ба шумор меравад. Истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла истилоҳоти тиббӣ ба таҳлили назариявӣ ва амалӣ зарурат дорад.

Ба ин хотир, рӯзи 28-уми январи соли 2019 Комиссияи сайёри эскпертӣ-проблемавии байникафедравӣ оид ба фанҳои назариявии ғайритиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии худро дар кафедраи забони тоҷикӣ гузаронид. Ҳайати аъзоён бо сардории раиси он Шерматов Д.С. зимни ҷаласаи мазкур мавзӯи рисолаҳои номзадии устодони кафедраи забони тоҷикӣ Саидова Б.М. («Таҳлили сохторию маъноии истилоҳоти тиббӣ дар «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ»), Раҳимов Т.Ф. («Ташаккули истилоҳоти фарматсевтӣ дар забони адабии тоҷикӣ»), омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ Ҷумаева Г.С. «Истилоҳоти анатомӣ дар забонҳои тоҷикӣ, лотинӣ ва куриёгӣ»-ро тасдиқ намуданд. Ба сифати роҳбари илмии унвонҷӯёни мазкур доктори илми филология, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Қосимов О.Ҳ. таъйин шуд.

Ҳамчунин, аъзоёни монографияи омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ М.Ҷ.Калоноваро тасдиқ намуда, барои чоп пешниҳод намуданд.

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ. зимни суханронии худ ишора ба он намуданд, ки кафедраи забони тоҷикӣ барои ба танзим даровардану мавриди истифода қарор додани истилоҳоти илми тиб ба забони тоҷикӣ пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад ва мавзӯъҳое, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтаву аз ҷониби комиссия тасдиқ гардидаанд, ба рушду танзими истилоҳоти тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

                  

Кафедраи забони тоҷикӣ

01.02.2019     433

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php