Боздид аз осорхонаи миллӣ

Боздид аз осорхонаи миллӣ
7-уми ноябри соли 2019 куратори гурӯҳи 51 омӯзгор Раҳимов Т.Ф. бо аҳли гурӯҳи кураторӣ ба осорхонаи миллӣ рафтанд.
Зимнан, ҳашамату шукӯҳи биноро экспонатҳои нодиру нотакрори осорхона ҳусни иловагӣ бахшидааст, ки дидани чунин манзараҳои ҷолиб ба рӯҳияи донишҷӯён таровати дигар зам намуд. Донишҷӯён аз дидани китобҳои дастнависи шоирони классик, ки дар қарнҳои гузашта аз ҷониби мирзоҳову хаттотони моҳир нусхабардорӣ шудаанд, дар бораи усулҳои интишори осори донишмандону адибон ба воситаи нусхабардорӣ иттилои тоза ба даст оварданд.
Донишҷӯён аз шиносоӣ бо таърихи миллату тамаддуни тоҷикӣ ва дидани як зумра туҳфаҳо ба мардуми тоҷику Президенти он ба ваҷд омада, дар заминаи дидаву шунидаҳояшон донишҳои назариявии таърихии худро боз ҳам мукаммал намуданд.
Дидани чунин ҷойҳои зебову фарҳангӣ ба рӯҳияи донишҷӯён таъсири мусбат расонида, ба тарбияи зебопарастӣ ва маънавии онҳо мусоидат менамояд.
Дар охир донишҷӯён дар ҳар гӯшае расмҳои хотиравӣ гирифта, ба волидайн ва назикони худ ирсол намуданд.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ
д.и.ф., профессор Қосимов А.Ҳ.
12.11.2019     554

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php