Ҷашни бедории табиат

Ҷашни бедории табиат
Наврӯз оғози сол, ҷашни бузурги бедории табиат ва эҳёи анъанаи миллии мардумони эронитабор мебошад. Онро мардумон ҷашни пирӯзӣ бар торикӣ, рӯзи фархунда ва мубораки сол, оғози фасли рӯиши гулҳо, намоише аз ҷовидонагии офариниш ва халқият мешуморанд. Наврӯз чун ҷашни ба дилу дидаи мардумони мо наздик, ҷашни ориёӣ ва миллист, ки бар асоси вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвари мо ва бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз бунёди илмиву нуҷумии устувор дорад, нисбати чунин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳост.
Сари Соли нав Ҳурмузи Фарвардин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Ба наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст, фирӯз рӯз.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ дар кафедраи забони тоҷикӣ 18.03.2020. соати 10 бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро омӯзгори калони кафедра Зуҳуров Н.Б. оғоз намуданд. Донишҷӯён Турдалиева Нозанин , Муқимова Фараҳноз , Бегматова Тахмина бо маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон ба дили нишастагон илҳоми нави наврӯзиро бедор намуданд. Ҳамчунин донишҷӯйи курси чорум Юлдошев Беҳрӯз, ки яке аз аъзоёни фаъоли маҳфили «Авҷи Зуҳал» мебошад ,аз ашъори дилнишини Озарахш ва эҷоди хеш дар васфи баҳор шеърҳо қироат намуд. Умуман донишҷӯёни фаъоли маҳфил низ Ҷалилова Фараҳноз,ки (ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ »мебошад, 1курс44,тиб дар соли 2019 «Ашӯров Худойдод (1к61тиб.), Сатторова Таиса (1курс,фарм), Муқимова Фараҳноз (1к61тиб.), Мошарифи Муродалӣ (1к8тиб.), Муродзода Бежан(1к49тиб).Салимзода Лола (1к 9 тиб) ва дигарон бо ҳиссиёти баланди шоирона шеъру таронаҳои зиёдеро дар маҳфил қироат намуданд. Бояд қайд кард,ки дар маҳфил роҷеъ ба таърихи наврӯз ва ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ омӯзгорони кафедра масъули бахши тарбия Шодиматова М.К.,Олимова М.М. Саидова Б.М. ва Суфиева Г.А. баромад намуданд.
Наврӯз барои мардумони ориётабор рамзи эҳёи олами нуҳуфта, ва бедории табиат буда,дар он тамоми расму оинҳои мардумӣ инъикос гардидаанд. Ин ҷашн дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи мардуми тоҷик,дар ҳаёти маънавию маърифатии мардумони эронитабор,нақши бузург бозидааст ва барои худшиносиву хештаншиносӣ ва зебоипарастии ин миллати куҳанбунёд файзу баракати ҷавонӣ ато намудааст.
Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё

Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –

То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,

То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ: Суфиева Г.А.
20.03.2020     551

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php