Нақши Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворгардонии мақоми забони давлатӣ

Нақши Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворгардонии мақоми забони давлатӣ

Забон- яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллӣ ба хисоб меравад.

Мо ин санаи таъриҳиро 5 октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиклоламон таҷлил мекунем. 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бараи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Дар муддати 11 соли гузашта бо шарофати ғамҳориҳои доимии Президенти кишвар нисбат ба забон корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар,   Эмомали Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ гуфтанд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, таммадун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст» Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии ҳеш эҳтиёт кунем, меросеро, ки ба ин забон аз қарни асрҳо ба мо расидааст, омӯзем ва ба дигарон омӯзонем.

Ин аст, ки дар кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «ДДТТ ба номи Абқалӣ ибни Сино» аз 5 то 8 октябри соли ҷорӣ конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши Президенти кишвар , мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворгардонии мақоми забони давлатӣ» доир гардиданд.

Дар конференсияҳо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Онҳо баҳшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ маърӯзаҳо карданд, ба ифтиҳори забони модарӣ шеърҳо қироат намуданд.

Пеш аз саршавии ҳар як конференсия мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, профессор У.Р.Юлдошев баромад намуда, иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи забони давлати самимона табрик гуфта, ҳамагонро ба ҳифзи мукаддасоти миллӣ ҳидоят намуд.

Мақсад аз доир кардани чунин конференсияҳо – тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ба ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат мебошад.

Умуман мавзӯи конференсия ҷамбаҳои таъриҳии рушд ва паҳншавии забони тоҷикӣ, нақши онро дар Тоҷикистони имрӯза баррасӣ намуд.

О.А.Лысых, С.А.Хотамова , Д.Х.Султанова,

омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷии

10.10.2020     212

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php