ГУЗОРИШ

ГУЗОРИШ
Санаи 8 январи соли 2020 дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии №15, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П. бо иштироки донишҷӯёни факултети педиатрии бахши 6-и гурӯҳи 4 дар мавзӯъи «Паёми Президенти ҶТ, Пешвои Миллат, Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалии Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 26.12.19 сол» чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар Паёми Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ сухан оиди самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатамон, соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи хуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳоли, ҷавонон, варзиш ва саёҳи гузошта шуд. Дар оғози чорабинӣ дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П. қайд намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намудаанд, аз он ҷумла дар бораи ба истифода додани 154 муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир, ба беҳбуди ниёз доштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна гуфтанд. Дар муҳокимаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи донишҷӯёни гурӯҳ дида шуд: Халифаев Муҳиддинҷон, Бобобекова Фархунда, Сафаров Бахтиёр, Ризоева Роҳила, Рустамов Парвиз, Косимова Манижа. Дар баромади худ донишҷӯён аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 милиарду 740 милион сомонӣ расидааст ва дар соли 2020 қариб ба 2 милиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст. Пешниҳод намуда шуд, ки омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафта, фавти кӯдакони синни то 5 сола 3,2 баробар кам шудааст. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монда шавад. Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халки тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Дар хотимаи чорабинӣ Косимова Манижа оиди вазифаи донишҷӯёни ҳозира чунин гуфт: «Вақти чудошудаи таълимиро самаранок истифода бурда, донишу малакаҳои амалии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии мамлакатамон пурра омӯхта, барои баланд бардоштани сифати зиндагии наслҳои оянда омода бошем. То ки истиқлолу озодии давлати мо, раванди ободкориву созандагӣ, рушди устувору босуботи кишвари азизамон аз саломатии мардум вобастагии калон дорад». 
Дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т. Носирова М.П.
10.01.2020     370

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php