Дар партави Паёми Пешвои миллат

Дар партави Паёми Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла чунин зикр намуданд:

“Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем”.

Бо чунин муҳтаво чорабинии тарбиявии устодону кормандони кафедраи тибби оилавии №2, ки дар якҷоягӣ бо донишҷуёни курси 5, гуруҳҳои 1 ва 2-и факултети педиатрӣ гузаронида шуд, оғоз гардид.

Аз ҷумла, масъалаҳои таъиноти маводи доруӣ ба беморон, ворид гардидани маводҳои қалбакии ба сифату талабот ҷавобгӯ набуда, баландбардории сатҳу сифати табобат, муоширати табибу бемор, ки Президенти кишвар дар Паёми имсола ироанамудаашон ба шиддат таъкид карда буданд, матраҳ карда шуд.

Донишҷӯён низ дар муҳокимаи масъалаҳои зикршуда фаъолона иштрок намуда, ҳамзамон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

07.02.2019     376

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php