Ҷашни «Иди Сада» дар кафедраи тибби оилавии №2

Ҷашни «Иди Сада» дар кафедраи тибби оилавии №2

Дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Носирова М.П. чорабинии фарҳангӣ-тарбиявии Ҷашни «Иди Сада», ки аз тарафи донишчуёни курси 5, гурухи 65-уми факултети тиббӣ омода гардид, гузаронида шуд. Инчунин, дар чорабинии Ҷашни «Иди Сада» мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ., дотсентҳои кафедра Инъомзода Ҷ.И., Мирзокалонова М.Ҷ., ассистенти кафедра Қурбонов З.К. ва донишҷӯёни курси 5 факултети педиатрӣ ва тиббӣ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Сада пас аз 40 шабонарўзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпараст ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадй, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказй, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкй ва торикй бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадй, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикй бошад, Хуршед, чуй унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» — Эмомалии Раҳмон. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёй», Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорекат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрухтани ҳезуме, ки мардум, аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад.

Дар ишороти таърих, ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташи бузург баргузор мешуда аст.

               

13.02.2019     503

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php