Дарси тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК

Дарси тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона 3 октябри соли 2019 доир ба мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сулҳофар ва ваҳдатсоз дар таърихи навини милллати тоҷик” дарси тарбиявӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 2-юми гурӯҳи 1 -уми факултети педиатрӣ ва бакалаврҳо гузаронида шуд. Маърӯза ва наворҳои видеоиро дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 1-уми факултаи педиатрӣ Алимов Ҳаитназар пурмазмун пешкаш намуд.
Сарваре, ки саломатии аслу насли миллатро дар мадди назар дорад, ӯ бе шаку шубҳа пешвои ҳақиқии миллат аст.

Эй пешвои миллат,
Эй раҳнамои миллат,
Шуд нақшаҳои некат
Сулҳу сафои миллат.
Аз ёдҳо нарафта рӯзи сиёҳи тоҷик,
Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик.
Сад шукр гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,
Эмомалӣ Раҳмон: Аз туст бахти миллат.
Сад сол зинда боши болои тахти миллат,
Эй пешвои миллат,
Ҳасти бақои миллат.
Эй қаҳрамони миллат,
Ҷони ба ҷони миллат.
Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия дар ҷаласаи ғайринавбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии фарҳангиву сиёсии ҷамоаи Аврупо “Пешвои асри XXI” сарфароз гардонд.
Эмомалӣ Раҳмон пешвост- пешвои ҳамабин. Мо дар хусуси сифатҳои ҳамидаи сарвари давлатамон, ҷаҳду талошҳояшонро баҳри сулҳи минтақаву ҷаҳон борҳо гуфтаем ва боиси ифтихор аст, ки онро боз ба такрор ҳам бигӯем.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
Дарси тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК
Дарси тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК
04.10.2019     281

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php