Коронавирус – роҳҳои пешгирии дучоршавӣ ба ин беморӣ дар ҷомеа

Коронавирус – роҳҳои пешгирии дучоршавӣ ба ин беморӣ дар ҷомеа
8-уми апрели соли 2020 ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Ҳакимова З.С. ва Убайдуллоева Н.А. бо гурӯҳҳои вобастагардидаи курси 2-юм гурӯҳҳои 3-4-ум бо иштироки мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Тохтаходжаева С.Т. мавзӯъҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба коронавирус – роҳҳои пешгирии дучоршавӣ ба ин бемориро гузарониданд.
Дар баромади мудири кафедра дар бораи усулҳои пешгирии коронавирус гуфта шуд:
• Аз ташрифоварӣ ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунед.
• Ба одамоне, ки аломатҳои шамолкашӣ, зуком доранд, наздикӣ накунед ё ин ки дар масофаи 1,5-2 метр дуртар истед.
• Дар вақти сулфа ва атса задан даҳон ва биниро бо сачоқи яккарата пӯшед, пас онро ба партов партоед, ё ин ки бо оринҷ пӯшед.
• Дар ҷойҳои серодам ва нақлиёти мусофиркаш ниқоб пӯшед.
• Бо дастони чиркин чашм, рӯй ва даҳонро нарасед.
• Доимо дастонатонро бо маҳлули спиртдор тамизонед, баъди баргаштан аз кӯча бо собун ва оби ҷорӣ тоза шӯед.
• Гаджетҳо ва оргтехникаро тез-тез тамизонед.
• Аз саломкунии оғӯшкунӣ ва дастфишорӣ худдорӣ намоед.
• Аз асбобҳои беҳдоштии шахсии хеш истифода кунед.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар донишгоҳ низ барои пешгирии коронавирус чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар даромадгоҳи донишгоҳ дастаи навбатдорон ташкил шуда, аз тарафи онҳо пеш аз воридгардӣ ба донишгоҳ ҳарорати бадани ҳар донишҷӯ, коргар санҷида мешавад. Қолинҳои безараргардонӣ бо маҳлули хлордор, инчунин, маҳлулҳои антисептикӣ барои тозагии ҳар фард дар даромадгоҳи биноҳо гузошта шудааст.
Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
10.04.2020     338

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php