Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушду инкишоф

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дурнамои рушду инкишоф
Рӯзи 26-уми январи соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”– Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Баҳри тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркология” кулли кормандони кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи профессор Ғуломов М. Ғ., кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркология” ва донишҷӯёни факултаи тиббӣ, курси 5-ум гурӯҳи 18 иштирок карданд.
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳимме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳимми мамлакат, монанди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ равона карда шудааст.
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.
Президенти кишвар илова намуд, ки барои боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯҒи маърифат” гузаронида шавад.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омухтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Бо мақсади дасгирӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1 уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамадунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.
Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дасгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон мерос мондааст.
Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф. Н.М.Шарапова

Мутассадӣ оид ба тарбия Ш.С.Маҳмадназаров

27.01.2021     345

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php