НОБ–и Роғун– умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик

НОБ–и Роғун– умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик

Роғун калиди фатҳ аст,

Роғун навиди фатҳ аст.

Роғун пуриқтидортарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ  маҳсуб мешавад. Бо бунёди НБО- Роғун Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад.

Масъалаи мазкур дар соати  тарбиявии кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов, ки санаи 6 – уми октябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии кафедра гузаронида шуд, матраҳ гардид. Дар ҷаласа ассистентони кафедра А. А. Назимов, А. А. Тағоев, В. Б. Ҳакимов ва донишҷӯёни курси 5-ум, факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 9-10 иштирок намуданд. Муттасадӣ оид ба тарбия Ш. С.Маҳмадназаров, ки ташкилкунандаи чорабинии мазкур буд, доир ба мавзӯи  мазкур маърӯза намуд. Донишҷӯи гурӯҳи 9, курси 5-ум, факултаи тиббӣ Ш. С.  Ҳасанов низ доир ба таърихи бунёди ин нерӯгоҳ маълумот дод.

Зимнан, сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз соли 1976 шуруъ шуда, то солҳои 90-уми асри гузашта идома кардааст. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони неругоҳро мутаваққиф намуд. Дар аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон бо ширкати “Русал”барои идомаи корҳои сохтмонӣ созишнома баст, вале дар соли 2007 Тоҷикистон аз он даст кашид. Давлати Тоҷикистон соли 2009 маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро роҳандозӣ карда эълон намуд, ки онро бо неруи худӣ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрелисоли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.

Агрегати якуми НОБ и Роғун  16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм дар арафаи 28 –умин солгарди Истиқлолияти ҶТ, 9 сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф.

М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф.  -  Н.М.Шарапова

Мутассадӣ оид ба тарбия  -  Маҳмадназаров Ш.С. 

07.10.2020     502

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php