24 – уми ноябр Рӯзи Парчам

24 – уми ноябр Рӯзи Парчам

Чароғи рузгори миллат аст ин,

Шукӯҳи офтоби давлат аст ин.

Ҳабиби ҷумла олам парчами мост,

Нишони давлати мо парчами мост. 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.

Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор Ғуломов М. Ғ. санаи 23 ноябри соли 2020 бо донишҷӯёни курси 5 факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 3-4 ва курси 5 факултаи педиатрӣ гурӯҳи 1 чорабинии ҷашнӣ - тарбиявӣ дар мавзӯи “Рӯзи Парчами тоҷикон дар масири таърих” гузаронида шуд. Ташкилкунанда ва маърӯзагар ассистенти кафедра Нисанбаева З. Х. Дар чорабини ассистентони кафедра Қодирова З. Д. , Маҳмадназаров Ш. С., Назимов А. А., Назаров А. А., Тағоев А. А., Ҳакимов В. Б. ва Джобиров А. иштирок доштанд.

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. 

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши ковиён” ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омӯзиши муҳақиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатро мебошад.

Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.

 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он бо рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.

Ранги сурх - мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед, покизагӣ, бахту иқболи сафед ва нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан. 7 Ситора – 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон, 7 рӯзро ифода менамояд. 

Мудири кафедраи психиатрия ва

психологияи тиббии ба номи проф.

М. Ғ. Ғуломов д.и.т., проф.  -  Н. М. Шарапова

Мутассадӣ оид ба тарбия  -  Ш. С. Маҳмадназаров

23.11.2020     634

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php