Саразм – мероси ҷаҳонии фарҳангӣ

Саразм – мероси ҷаҳонии фарҳангӣ

Дар кафедраи офталмология чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи «Саразм – мероси ҷаҳонии фарҳанг», бо иштироки мудири кафедра дотсент Махмадов Ш.К., дотсент Мазабшоев А.М. асс. Каримов М.Б., асс. Кодирова Н.А., асс. Рахимова З.И., асс. Халимова З.С.,асс. Юнусова З.И., асс. Сулейманова Ф.А., лаборанти калон Хайдаров З.Б, лаб. Зиёзода М., ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷўени курси 4 – уми факултаи тиббӣ ҷаласа баргузор шуд. Маҷлисро мудири кафедра дотсент Маҳмадзода Ш.К. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд: 12-28 ноябри 2019 дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ба рӯйхати ҷашнҳое, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ бо иттифоқ пазируфта шуданд.

 Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Сипас ординатори клиникии соли якум Зиёзода Мирзо оиди таърихи Саразм маърузаи мухтасар намуд: Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Саразм, ки таърихи 5 ҳазорсола дорад, дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45-километрии шаҳри Самарқанд воқеъ шудааст. Саразм ба гуфтаи бостоншиносон, як ёдгории беназире маҳсуб мешавад, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталиф дар Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Аввал бар асоси ин меъёр, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Саразм дар чаҳорҳазораи пеш аз милод як маркази муҳими тиҷорат ва фарҳангии Осиёи Марказӣ будааст. Саразм ғолибан муҳимтарин маркази тиҷоратии ҳамон аҳд дар минтақа будааст, ки аслан ду навъи мардумро ба ҳам мепайваст, чорводорони кӯчӣ, ки дар манотиқи кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар ҳамворӣ зиндагӣ мекарданд. "Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан, нақши ин маҳал дар мубодилот ва тиҷорат миёни минтақаҳои ниҳоят гуногунро нишон медиҳад, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнаннаҳрайн, таммадуни Ҳинд ва албатта Осиёи Марказиро. Ин аст сабаби аввали пазируфтани Саразм ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ. Яъне дар воқеъ фарҳангҳо дар инҷо ба ҳам омехта шуда, ҳамоиш ёфтаанд.

Омили дуввуми шомил кардани Саразм ба феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ин аст, ки Саразм аз таммадуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чаҳорум ва саввуми пеш аз милод дар Осиёи Маркаӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, гувоҳӣ медиҳад, ки ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишинии аввалия доштааст. Бояд зикр кунем, ки Саразм бештар аз якуним километр тул ва 700 метр бар дорад, ки ин як маҳалли маскунии бисёр бузург аст ва дар он аҳд воқеан бисёр барҷаста маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи бостоншиносон, аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Ҳафриёт дар Саразм идома дорад ва бояд бисёр боэҳтиёт сурат бигирад, то осори боқимонда вайрон нашавад. Албатта, ЮНЕСКО, ташвиқ мекунад, то барномаи ҳафриётӣ идома ёбад, ки онро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо гурӯҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд. Айни замон мо таъкид мекунем, ки ҳафриёт бо васоили фанновариҳои навин сурат бигирад, то ба асли ёдгорӣ осеб нарасад. Ҳафриёт дар ин маҳал бояд бидуни нобуд кардани ашёҳои он анҷом бигирад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарор аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500-солаи шаҳраки Саразмро ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намуданд, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи эшон дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуд.

Рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500 - солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ Рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд. Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии Дарвозаи Саразм сурат гирифт. Дарвозаи ин гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз ин минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бешубҳа аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ба таъкиди муаррихон, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр мебошад, ки ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст ва дар он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст. Дар омӯзиши таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан, бостоншиносон хеле бориз мебошад. Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назарраси илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охири асри XX ба ҳисоб меравад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун, дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Лозим ба зикр аст, ки маҳз натиҷаи талошҳои хастанопазир ва татбиқи муваффақонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳқиқоти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳафриёт буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ шомил намуд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа арҷгузорӣ ба яке аз маҷмааҳои бостонии Ҷумҳурии Тоҷикстон - Саразм аст. Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон буда, ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо мақсади муҳими ҷомеа ва ҳар яки мо мебошад.         

    Мудири кафедра, н.и.т, дотсент:       Махмадзода Ш. К.

    Котиб,    асс. кафедра:                      Каримов М. Б.

13.10.2020     518

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php