Семинар «Президенти мо - ифтихори мо»

Семинар «Президенти мо - ифтихори мо»
Санаи 11.11.19. дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯъи «Президенти мо - ифтихори мо» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мудири кафедра Ҷураева Н. С., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне рӯзи Президент, ки дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд табрик намуда, донишҷӯёнро ба Ватандӯстию бунёдкорӣ ва аз худ кардани илмҳои замони худ даъват намуда ва аз донишҷӯён талаб намуданд, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатро сармашқи кори ҳарузаи худ намуда пайравони он гарданд ва дар ободии ин ватани ободу зебо саҳмгузор бошанд. Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 2-ум Маҳмадуллозода Зиёдулло бо маърузаи худ дар мавзӯи «Пешвои миллат роҳнамои мо» баромад намуд. Инчунин Тошматова Фарзона аз гуруҳи 2-ум маъруза дар мавзӯи «Ҷавонон пайравони пешвои миллат» баромад намуда бо шеъри аз худкардаи худ бо номи Пешвои мо, раҳнамоӣ мо, хотири ҳозиринро шод гардонид. Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни семинар, донишҷӯён, доир ба мавзӯӣ, «Пешвои миллат роҳнамои мо» ба маърӯзачиён саволҳо доданд ва ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд. Дар охир муаллими калони кафедра Комилов И. Ш. донишҷӯёнро бо ин ҷашни бузург Рӯзи Президент, ки ҳар сол санаи 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад табрику муборакбод намуда дар бораи заҳматҳои ин абармардӣ бунёдкор баҳри пешравии ҷумҳуриамон маълумот доданд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
16.11.2019     473

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php