Семинар бахшида ба Рӯзи Модар

Семинар бахшида ба Рӯзи Модар
Дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи Модарон таҳти унвони «Модар саодати зиндагист» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 3 ва 4-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Маҳмудова Д.Ш., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург, яъне рӯзи Модарон, ки дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, табрик намуда, ба донишҷӯён оиди ин рӯз маълумоти муфассал дод.
Баъд аз он донишҷӯӣ курси , гуруҳи 2-юм Холбекова Нафиса бо презинтатсияи худ дар мавзӯи «8-марта - Международный женский день» баромад намуд. Инчунин бахшида ба васфи модар суруду шеърҳо аз осори ниёгон, гуфтаҳои бузургон нисбат ба зан, модар шунида шуданд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
10.03.2020     364

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php