Ҷамъомад дар кафедра оид ба муббориза бо терроризм.

Ҷамъомад дар кафедра оид ба муббориза бо терроризм.
21 апрели солди ҷорӣ дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба мавзӯи «Мубориза алайҳи терроризм” ҷамъомад бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ доир гашт.
Ҷамъомадро мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.к., профессор Раҷабов У.Р. оғоз бахшида, таъкид намуд, ки боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод дар ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор - ақли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати хуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддассоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд, ки ин боиси ташвиши ҷиддист.
Дар охир устодон баромад намуда тазаккур доданд, ки мубориза алайҳи терроризм вазифаи ҳар фарди ҷомеа буда мо омӯзгорон бояд ҷиҳати дар руҳияи меҳандустӣ тарбия намудани ҷавонон аз шаклу усулҳои беҳтарини корбарӣ истифода барем.
У.Р.Раҷабов, мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, д. и.х.
22.04.2020     209

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php