Омодагӣ ба интихобот

Омодагӣ ба интихобот
Дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакон, дар курси 5-ум факултаи тиббӣ бо иштироки проректор оид ба илми МДТ “ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино” д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. оиди дар сатҳи баланд гузаронидани маракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати тарбиявӣ баргузор гардид.
Аз рӯзи аввали сикли ҷарроҳии кӯдакона суҳбатҳо дар мавзӯи риояи қоидаҳои дохиликлиникӣ, сару либоси расмӣ, одоби муошират бо беморон, ҳурмату эҳтироми омӯзгор, ҳисси ватандустӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, риояи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбия, истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми дарс, наомадани донишҷӯ бо мошини шахсӣ ба дарс, оид ба ичрои вазифахое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш зикр гардид ва роҳҳои пешгирии коронавируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятӣ соати тарбиявӣ гузаронида шуд.
Баьдан проректор оид ба илми МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т. профессор Ибодзода С.Т. баромад карда гуфт, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан мукарар гардидааст. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карда, ба ҷонибдории номзади арзанда раъйи худро диҳад.
Бо заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон Ватани ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидааст, ки ҳар як фарди бо нангу бономус ва шукургузор бояд нодида нагирад. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Ҷараёни ин анҷумани саодати халқ раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон, Худованд насиб гардонид. Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.
Дар охир муҳтарам Ибодзода С.Т. дар боари шомил гаштани ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои терорристиву экстремистӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба донишҷӯён таькид кард, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша шукргузор ва барои пешрафти Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Мудири Кафедраи ҷарроҳии кудакон н.и.т. Сафедов Ф.Х 
Котиб: асс.кафедра Шарипов Н.Ш
06.10.2020     94

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php