Дар ҷаласаи кафедра Паём мавриди баррасӣ гирифт

Дар ҷаласаи кафедра Паём мавриди баррасӣ гирифт
Дар ҷаласаи навбатии кафедраи ҷарроҳии кӯдакона Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласаро мудири кафедра д.и.т. Султонов Ш.Р., кушода оиди Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019” ба таври мухтасар сухан кард. Баъд барои баррасии Паём сухан ба мутассадии корҳои тарбиявии кафедра, ассистент Займудинов Б.М. дода шуд . Мавсуф қайд кард, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон муффассал оиди тамоми соҳаҳо суханронӣ карданд. Аз ҷумла иқтисодиёт, саноат, энергетика, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, таълиму тарбия, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва ғайра. Яке аз дастовардҳои муҳим ин ба истифода додани агрегати дюуми НБО Роғун, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат, дигар азнавсозӣ ва кушодашавии роҳҳо. яъне раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммунатсионии ҷумҳурӣ мебошад. Нисбати таълиму тарбия Пешвои миллат қайд карданд, ки барои боланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷуён тадбирҳои иловагиро роҳандози намуда ва ҳамзамон бо ин ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амали гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури андешида шавад. Оиди соҳаи тандурусти қайд карда шуд, ки дар соли 2019 154 муассисаҳои тандурустӣ ба истифода дода шуд. Инчунин қайд карда шуд, ки барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин ру, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем. Дар охир мудири кафедра д.и.т. Султонов Ш.Р. ҷаласаро ҷамъбаст намуда зикр карданд, ки дар ҳақиқат Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як дастури илмию амали мебошад. Чунки дар ҳуҷҷати муҳим муфассал оиди пешравиҳо, камбудиҳо, нақшаҳои дар пешистодаи ҳукумати Ҷумҳури ва дастуру супоришҳо ба ҳар як соҳа гуфта гузаштаанд.
21.01.2020     281

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php