Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон Имсол низ аҳли ҷумҳурӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихори баланд гӯш карданд. Дар он доир ба масъалаҳои рушди кишвар ва тамоми самтҳои дигари ҳаёти ҷумҳурӣ нуктаҳои ҷолиб зикр карда шуданд. Тавре аз суханрониву гузоришҳои Пешвои миллат огаҳӣ дорем, масъалаи сиёсати ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Махсусан сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷавонон боиси хушнудӣ ва сарбаландии ҳар як насли ҷавон аст. Бо ин мақсад дар Паёми Сарвари давлат чунин омадааст: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад». Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, « насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад». Дарҳақиқат дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонони кишвар дар рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, ҳам дар сохтмони неругоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла, Неругоҳи барқии обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ, дар ҳифзи Модар – Ватан саҳми худро мегузоранд, ки ин шоистаи таҳсин аст. Нуктаи дигаре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, омӯзиши таърихи гузаштагонамон мебошад. Дар робита ба ин масъала чунин ибрози ақида карда шуд: « Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем». Пешвои миллат изҳор доштанд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нашр ва аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Бешубҳа, нашр ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани ин шоҳасар барои боз ҳам беҳтар шинос гардидани ҳар як фарди худогоҳи кишвар бо таърихи гузаштагонамон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Паёми навбатии Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳим буда, бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ин ҳуҷҷати муҳим моро водор менамояд, ки барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он саҳмгузор бошем, масъулияти баланди хештаншиносӣ ва ҳушёрии сиёсӣ дошта бошем. Дар ҷавоби ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон, ки барои таҳсил ва кору фаъолияти мо, ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд, мо бояд ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, садоқат ба давлату миллат дошта бошем, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи мо бояд бошад. Зеро тавре маълум аст, садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави осоиши ҷомеа ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кору фаъолияти мо, ҷавонон дастури роҳнамо ба ҳисоб меравад. 
 Муниса Юлдошева – ассистенти кафедраи эндокринология
03.01.2020     460

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php