Сафари коллективи кафедраи дерматовенерология ба Калъаи Ҳисор

Сафари коллективи кафедраи дерматовенерология ба Калъаи Ҳисор

Калъаи Ҳисор дар сари Роҳи Абрешим асрҳои аср чун қалъаи дӯстӣ ва равобити байни қавмҳои мамолики мухталиф хидмат карда, то кунун таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ мекашад. Шаҳри Ҳисор шаҳри таърихию сайёҳии қадимии миллати тоҷик буда, бештари ёдгориҳои миллатро то ба имрӯз дар худ маҳфуз доштааст. Бо эълон гаштани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омӯзгорони кафедраи дерматовенерология бо роҳбари кафедра ва дар якҷоягӣ бо ординаторони клиники ва духтурони - интернхо санаи 24 январ ба ончо ташриф карданд. Дотсенти кафедра Усмонова Х.Ч., хамчун ҷавобгу ба корҳои тарбиявӣ, дар бораи таърихи ин қалаи мазкур ҳикоятҳои шавқовар нақл кард. Ҷавонон боз бештар маълумот дар бораи ин шаҳраки таърихи пайдо карданд. Калъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кӯтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.  Қалъаи Ҳисол ва ёдгориҳои бостонии кишварамон метавонад муҷиби ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳони олам бошад, чун ин ёдгориҳо дар зоти худ беҳамтоянд. 

 К.М Мухамадиева, мудири кафедра, д.и.т. 

 Х.Д.Усмонова, дотсенти кафедра, н.и.т.

30.01.2019     227

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php