Корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ


Солҳои охир диққати таҳқиқотчиёнро ҷараёнҳои оксидшавии липидҳо аз радикалҳои озод ва шаклҳои фаъоли оксиген аз сабаби дар ташкили равандҳои патологӣ иштирок карданошон, ба худ ҷалб кардааст.
Асоси патогенези бисёре аз бемориҳо, ҷамъшавии маҳсулоти оксидшавии пероксидии липидҳо мебошад ва дар табобати ин бемориҳо антиоксидантҳо- витаминҳои А,С,Е васеъ истифода бурда мешаванд.
Мавзӯи таҳқиқотии илмии кафедраи мо «Омӯхтани ҳолати ҷараёнҳои оксидшавии пероксидии липидҳо ва системаи антиоксидантӣ дар ҷараёнҳои гуногуни патологӣ» мебошад. Аз тарафи профессори кафедра Сабурова А.М. исбот карда шудааст. ки таъсири антиоксидантӣ ва антистрессории витамини Е, на мустақиман, балки ба воситаи таъсир ба метаболизми ғадудҳои болои гурда амалӣ мегардад. Витамини Е фаъолияти вазифавии ғадуди болои гурдаро танзим карда, аксуламали ҳаяҷониро паст мекунад, хориҷшавии адреналинро аз ғадуди болои гурда кам мекунад, ҷараёни липолиз ва ҳосилшавии барзиёди кислотаҳои чарбии озод ва ҳосилшавии маҳсулотҳои оксидшавии переоксидии липидҳоро пешгирӣ менамояд ва ҳамчун антиоксидант иштирок мекунад.
Кафедраи биохимия маркази илмӣ - машваратӣ мебошад. Таҳқиқотҳои илмӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедраҳои акушерӣ- гинекологии №1, 2 ва 3, бемориҳои дарунии №1ва 2, кафедраи ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои кӯдакона бурда мешавад.
Мо бо кормандони кафедраҳои акушерӣ- гинекологии № 2 (профессор Абдураҳмонов М.К. ва Шукурова З.П.) якҷоя маълум намудем, ки ҳангоми истодҳои ҳомиладорӣ интенсификатсияи ҷараёнҳои оксидшавии пероксидии липидҳо ба амал омада, системаи антиоксидантӣ паст мешавад.
Дар замони имрӯза ҷарроҳиҳои абдоминалӣ ба 72% хунравӣ ва вайроншавии лахташавии хун ориза медиҳанд. Дар ин ҳолатҳо реинфузия кардан, ки яке аз методҳои хуби манъ кардани хун мебошад, ба мақсад мувофиқ аст.
Якҷоя бо кормандони кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 (профессорон Қурбонов К.М., Раҳимов Ш.Д.) ҳангоми реинфузияи хуни пурраи тозакарда дар беморони осеби шикам интенсификатсияи ОПЛ (ПОЛ) камшавии СМА (АОС), баландшавии билирубин, мочевина ва креатинин мушоҳида кардем.
Тозакунии хуни реинфузия гардида бо илова кардани антиоксидантҳо ва антибиотикҳо ба камшавии таъсири заҳрнокӣ ба организм мусоидат мекунад.
Дар беморони холестети калкулёзӣ ҳангоми зарарёбии диффузияи ҷигар якҷоя бо кормандони кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 (профессорон Қурбонов К.М., Сағирбоев К.Р.) камшавии таносуби коэффисентҳои нафаскашӣ, интенсификатсияи оксидшавӣ аз радикалҳои озод, пастшавии антиоксидантҳои ферментӣ ва ғайриферментӣ муайян карда шуд.
Тағйиротҳои биохимиявӣ барои гузаронидани табобати дарунии комплексӣ бо истифода аз антиоксиданти ҳалқаи Кребсро тезонанда – ренаксол асос шудаанд.
Якҷоя бо кормандони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 (профессорон Исмоилов К.И., Шарипова М.М.) дисбаланс дар системаи оксидантӣ – антиоксидантӣ дар кӯдакон ҳангоми астмаи бронхиалӣ ва пневмания муайян карда шуд. Дар кӯдакон ҳангоми хурӯҷи астмаи бронхиалӣ зиёдшавии миқдори маҳсулоти охирони таҷзияи ОПЛ – диалдегиди малон, камшавии фаъолияти ферменти антиоксидантӣ супероксидисмутаза (СОД), зиёдшавии миқдори кислотаи сиал дар хун мушоҳида мешаванд, ки ба пайдошавӣ ва ташаккули ҷараёни иммунӣ- илтиҳобӣ дар системаи бронху шуш оварда мерасонад.
Истифодаи мексидол ба пештар аз байн рафтани хурӯҷҳои нафастангӣ, ба меъер даровардани нишондиҳандаҳои ОПЛ ва СМА дар зардоби хун оварда расонд. Ин маводҳои доруворӣ ҳамчун ҳалқаи барои радикалҳои озод буда, фаъолияти антиоксидантҳоро зиёд мекунад. Дар иштироки Реамбирин ва Мексидол роҳи оксидшавии суксинатоксидазӣ фаъол мешавад, вазифаи энергияҳосилкунии митохондрия хуб ба роҳ монда мешавад, стимулятсияи оксидшавии мустақим бо роҳи пентозофосфатӣ, зиёдшавии миқдори нуклеотидҳои барқароршуда ва зиёдшавии фаъолияти антиоксидантии ҳуҷайра низ ба амал меояд.
Суксинати натрий, ки дар таркиби реамбирин аст, субстрати ҳалқаи Кребс буда, реаксияи оксидшавии нафаскашии бофтагиро ба роҳи нисбатан кӯтоҳи оксидшавӣ табдил медиҳад.
Дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакона (профессорон Султонов Ш.Р., Пулатов Х.К., Бабаев З.А.) ду гурӯҳи кӯдакон бо носури берунии рӯдагии баланд ва паст, таҳқиқ карда шудаанд.
Носурҳои рӯдагӣ баъди амалиётҳои такрорӣ ва таъҷилӣ тез-тез пайдо мешаванд. Муайян карда шудааст, ки дар натиҷаи «ҳаяҷони оксидкунанда» системаи антиоксидантӣ хароб мешавад. Ин далелҳо нишон медиҳад, ки бо истифода аз антиоксиданти Реамберин оризаҳои баъди амалиётҳои ҷарроҳӣ, гузаронидани табобати комплекси доругии патогенетикӣ пешгирӣ карда шавад. Дар натиҷаи табобат дар кӯдакони бемор пастшавии ҷараёнҳои ОПЛ ва муътадилшавии СМА мушоҳида гардид.
Таҳиқотҳои биохимиявии зардоби хуни кӯдакони бемории санги гурда дошта, муайян кард, ки ҳаяҷони оксидкунандаи бо фаъолкунии ОПЛ ва пасткунии СМА алоқаманд буда, инкишоф меёбад ва миқдори кислотаи сиал зиёд мешавад. Ҳаяҷони оксидкунанда ба инкишофи илтиҳобӣ роҳҳои пешобгузар мусоидат карда, ҳуҷайраҳое, ки экспрессияи генҳо-ситоксинҳоро зиёд мекунанд, фаъол менамояд. Ин ҳолат ба вайроншавии баланси оксидантҳо – антиоксидантҳо, ки ҳуҷайраҳои илтиҳобиро зиёд карда, ба пайдошавии сангҳои нав мусоидат мекунад, оварда мерасонад. Истифодаи антиоксидантҳо ба аз нав пайдо шудани санги пешоб мусоидат мекунанд (метафилактика),
Кормандони кафедраи биохимия якҷоя бо кафедраи фармакология аз рӯи нақша дар мавзӯи «Омӯхтан ва коркарди дорувориҳо дар асоси растаниҳои Тоҷикистон, ки хусусияти антидиабетикӣ ва антиоксидантӣ доранд» кор карда истодаанд.
Дар солҳои 2016-2020 гузаронидани таҳқиқотҳои скринингии хусусиятҳои антидиабетикӣ ва антиоксидантии испанд, сиёҳалаф, баргҳои газна ба нақша гирифта шудаанд. Таъсири сиёҳалаф ба системаи проксидант ва антиоксидантӣ ҳангоми вайроншавии мубодилаи липидҳо таҳқиқ карда шудаанд.
Натиҷаҳои тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар зардоби хуни каламушҳое, ки тариқи таҷриба мубодилаи липидҳоро вайрон карданд, баландшавии миқдори триглисеридҳо, ЛПЗП, холестерин ва пастшавии миқдори ЛПЗБ ба амал меояд.
Дар зардоби хуни каламушҳое, ки аз шарбати сиёҳалаф истифода бурдаанд, миқдори триглисеридҳо, ЛПЗП, холестерин амиқан паст шуда, миқдори ЛПЗБ зиёд мешавад.
Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки ҳангоми вайроншавии мубодилаи липидҳо дар каламушҳои таҷрибавӣ интенсификатсияи оксидшавӣ аз радикалҳои озод ва талафёбии системаи антиоксидантӣ ба амал меояд.
Истифодаи қиёми сиёхалаф гиперлипидемияро паст мекунад. (бо шарофати таъсири байниҳамии витамини С, ки дар таркиби сиёҳалаф бисёр аст, бо шаклҳои дар об ҳалшавандаи оксиген ва маҳдудкунии онҳо ба амал омада, хусуияти антиоксидантӣ дорад). Витамини С, ки дар таркиби сиёҳалаф бисёр аст, ба шаклҳои дар об ҳалшавандаи оксиген таъсир карда, онро маҳдуд мекунад ва хусусияти антиоксидантӣ дорад.

Гузариш ба саҳифаи: