Дастовардҳои кафедра
Кафедра тайи солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштаст.
Аз он ҷумла, аввалин маротиба китоби «Биохимия» бо забони давлатӣ аз чоп баромад (с.2011). Дастурҳои омоданамудаи устодони кафедра бо забонҳои давлатӣ ва русӣ барои ҳамаи факултетҳо ва бори аввал бо забони англисӣ барои донишҷӯёни хориҷии факултети тиббӣ ва бакалаврҳо (с.2018) нашр гардид. Курси лексия бо забони русӣ (соли 2015) ва бо забони давлатӣ (соли 2020) ба донишҷӯён дастрас гардид.
Ҳангоми гузаронидани дарсҳои биохимия аз кроссвордҳои биохимиявӣ ва албомҳои гуногуни марбут ба мавзӯъҳо истифода мешаванд.
28.01.2020
169