«Парчами милли»

«Парчами  милли»
Иштирок намуданд: мудири кафедра дотсент н.и.т Саидмурадова Г.М., муаллимаи калон Мамадярова М.Г, Фузайлова М.С , ординатори клинникии соли якуми хониши кафедра Абдураҳимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 6 факултети педиатрӣ (гурӯҳи 5) ва донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ (грӯҳи 42)
Рӯзи 21-ноябири соли 2019 дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (пойгоҳи Маркази Тиббии Шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим) мини – конфрос бахшида ба ҷашни: «Парчами милли» гузаронида шуд
Дар аввали конфронс мудири кафедра дотсент н.и.т., Саидмурадова Г.М дар бораи аҳамиятнокии ин ҷашн сухан ронданд ва таъқид намуданд , ки парчами Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Чумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст ва қайд намудаанд , ки имрӯз Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Чумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Баъдан аз тарафи донишҷӯи курси 6 факултети педиатрӣ гурӯҳи 5 Эргашова Суманбар аз таьрихи парчам миллӣ призентасияи таёр намудаи худашро баромад кард (Аксҳо замима гардонида шудаанд).
Дар охири ин мини-конфронс муаллимаи калон Фузайлова М.С аз номи худашон, ва аъзоёни кафедра ба донишҷӯён миннатдорӣ изҳор намуданд. Оиди ҷашни парчам миллӣ сухан ронданд ва таъкид кардаанд, ки парчам миллӣ ин нишонаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик мебошад ва онро мо бояд қадрдонӣ намуда ифтихор намоем
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М
24.11.2019     505

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php