Баргузории суратҷаласаи илмии донишҷӯён

Баргузории суратҷаласаи илмии донишҷӯён

Рӯзи 25-уми декабри соли 2018 дар кафедраи бемориҳои сирятии кӯдакона, дар пойгоҳи клиникии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона суратҷаласаи навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар он раиси ҶИД-и кафедра, профессори фахрӣ н.и.т. Раҳматов Николай Александрович, ассистенти кафедра Ҷонибеки Рустамбек Икромӣ, докторант (phd) Маҷонова Манижа, аспиранти кафедра Бобоева Зӯҳро, ординатори кафедра Умарова Гулнора, табиб-интерна Холмуродова Фирӯза ва ҳамчунин донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-ум факултаи тиббӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис донишҷӯи курси 5 Отамуродов Элдар дар мавзӯи «Салмонеллёз дар кӯдакон», донишҷӯёни курси 6 Рӯзиматов Наим дар мавзӯи «Гепатити вирусии А», Нормаҳмедов Саидҷон дар мавзӯи «Сирояти менингококкӣ дар кӯдакон» ва табиб-интерна Холмуродова Ф. дар мавзӯи «Сирояти баногушӣ» баромад намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа мубоҳиса сурат гирифт.

 

Н.А. Раҳматов Раиси ҶИД-и кафедра профессори фахрии донишгоҳ 

24.01.2019     283

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php