Интихобот – падидаи муҳими демократия

Интихобот – падидаи муҳими демократия

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар  мавзӯи “Интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон!” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамачонова  Г.С., суханронӣ  намуда, афзуд,  ки “ Интихобот ин  падидаи  муҳими  демократия, маҷмӯи  муносибатҳои  ҷамъиятие  мебошад, ки дар  алоқамандӣ бо ташкили  мақомоти  намояндагии ҳокимияти  давлатӣ  ва амалӣ  намудани  ҳукуқи субъективии шаҳрванд  оид  ба интихоб  кардан  ва интихоб шудан ба вучуд меояд”.

Донишҷӯёни гуруҳи 51-и  курси 6-уми  факултети тиббӣ  низ  бо  маърӯзаҳо  баромад карданд.  Аз ҷумла  донишҷӯ  Устоев  Шахром  дар баромади  худ  қайд  намуд, ки  “ Дар ҷаҳони  муосир  интихобот  шакли асосӣ   ва зарурии  зуҳури   шахрвандон  ба сифати  манбаи ҳокимият  ва истиқлолият  мебошад. Шаҳрвандон  дар интихобот  иштирок намуда,  ҳокимиятро  ташкил  менамоянд ва  бо ин амал  фаъолияти   ҳокимиятро  қонунӣ  мегардонанд.  Аз ин хотир,  дар кишвар  барои  баргузории  интихоботи  шаффофу  демократӣ,  ки халқ  тавонад  бевосита  Сарвари  давлат ва  вакилони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  интихоб  намояд, тамоми шароит  муҳайё  карда шудаааст.  Тоҷикистон  ҳамчун  узви  комилхукуқи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  санадҳои  байналмилалӣ  дар бораи  интихоботро  эътироф намуда,  қонунгузориро   оид  ба   интихобот  дар заминаи  онҳо   такмил додааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  интихобот  ба арзишҳои   демократии  байналмилалӣ   ва  стандартҳои  эътирофшудаи   ҷаҳонӣ  пурра   мувофиқ аст”.

 Сарчашмаи   ягонаи  ҳокимияти   давлатӣ  будани ҳалк  чунин маънӣ дорад, ки  шаҳрвандони  Тоҷикистон  манбаи ҳокимият  ва қудрати   давлатанд

Дар рафти муколама ба донишҷӯён оиди  мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро  баён намуданд. 

Мудири кафедра  н.и.т., досент      Мамадҷонова  Г.С. 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент    Ҳотамова М.Н     

16.09.2020     151

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php