Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ

Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ
7 март дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯи “Модар- сарчашмаи ҳаёт !” гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Алишерова Н.А суханронӣ намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки “ Модар барои хар як инсон азизтарин кас аст. Модар чароғи нурбахшу сафобахши хар як хонадон, ганҷи бебахо ва фариштаи илохиест барои фарзанд. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро мехрубонтарини инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст, барои фарзанд новобаста ба синнусол».
Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 14 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Азимов Мухаммадшариф қайд намуданд, ки “Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидон аст. Бешак сарчашма ва сабаби хастии башарият зан модар аст. Бузургии зан модар пеш аз хама дар он тачассум меёбад ки у чароги хонадон, идомадихандаи насл, тарбияткунанда ва ба камол-расонандаи фарзанд, инчунин нигахдорандаи забон, таърих ва фарханги миллӣ мебошад” Инчунин саҳначаҳои тайёр кардаашонро ба тамошобинон пешкаш намуданд.
Дили модар чу дарёи равон аст,

Чахони меҳри модар бекарон аст.

Сано бодо, Муҳаммадро ки гуфтаст:

«Бихишт зери қудуми модарон аст».
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.


Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.

11.03.2020     279

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php