Нақши модар ва падар дар тарбияи фарзанд

Нақши модар ва падар дар тарбияи фарзанд

23 ноябри соли 2020 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ бахшида ба таълиму тарбияи фарзанд шуда гузашт. Сухани ифтиҳоҳиро мудири кафедра д.и.т., профессор Мустафақулова Н.И. оиди модар, мақоми зан дар ҷомеа ва ҷамъият, ҳурмату иззати волидайн гуфта гузашт.

Баъдан донишҷўёни курси 6-и гурўҳи 46 Бердиев Абдували, Игамова Зулола, Салихов Абдулло дар бораи нақши падару модар дар тарбияи фарзанд, дуруст ба воя расидани фарзанд, маълумот ва мақсади қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Таълиму тарбияи фарзанд”, ки 2 августи соли 2011 қабул шуда, аз 6 боб ва 17 модда иборат мебошад суханронӣ намуда, дар анҷоми баромад дар бораи нақши оила дар тарбияи инсон ва 2 ролики тарбиявӣ нисбати фарзанд ва волидайн намоиш дода шуд. 

Мудири кафедра д.и.т., профессор  -  Мустафакулова Н.И.

23.11.2020     269

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php