Духтури зеҳнӣ

Духтури зеҳнӣ

Санаи 15-уми декабри соли 2020 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 викторина оид ба бемориҳои дарунӣ бо номи “Духтури зеҳнӣ” бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ: муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Курбонбекова П.Қ., сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В., коргузори шуъбаи тарбия Мирзои Саид, кормандони кафедра ва МД ММТ ҶТ “Шифобахш”, ординаторони клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯёни курси 6 гузаронида шуд. Кормандони раёсат ба ҳайси ҳакамони чорабинӣ таъин карда шуданд.

Дар викторина ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ, муайян намудани сабаби ҳолати фавт, ҳалли сканворди тиббӣ, ёрии тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода, ҳалли ребусҳои тиббӣ, саволу ҷавоб оиди терминологияи тиббӣ, ҷойҳои таърихӣ ва географии шоёни диққат дар Тоҷикистон ва ҳунармандиву фарҳангпарастии донишҷӯён пешниҳод гашт.

Аз ҷониби аъзоёни ҳакамон баҳогузории боадолат гузаронида шуда, барои ташкили чорабинии тарбиявию фарҳангӣ сипосгузорӣ намуданд.  

16.12.2020     144

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php