9-сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 чорабинӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Мудири кафедра д.и.т., профессор Мустафақулова Н.И. ҳамагонро бо ин иди муқаддас ва санаи муборак барои миллати тоҷик, табрик намуд.

Дотсенти кафедра Уроқов К.З. дар бораи муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти тоҷик - Истиқлолият, ҳамчун волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат сухан кард. Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвару ҳуқуқбунёд унвон намуда, аз самараи Истиқлолият ёдрас шуд.

Донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ Қурбонов Эмомуддин ва Шамсова Шаҳноза дар маърузаҳои худ оид ба ободиву озодии кишвар, шарофати мустақилият, рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, низоми демократӣ, фарҳанги давлатдорӣ сухан намуда, шеърҳо қироат карданд.

Кафедраи бемориҳои дарунии №3

08.09.2020     293

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php