Сӯҳбати муфид

Сӯҳбати муфид
Санаи 15 октябри соли ҷорӣ муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З.У аз кафедраҳои физикаи биологӣ ва тиббӣ бо асосҳои информатика, ҷомеашиносӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, забони тоҷикӣ, гистология, анатомияи одам, химияи биоорганикӣ ва микробиология дидан намуда, бо саркураторони кафедраҳои мазкур оиди ҷадвали соатҳои тарбиявӣ, нақшаи корҳои тарбияӣ ва ҷадвали навбатдории кафедраҳо дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯрӣ ва сӯҳбат гузарониданд.
Инчунин Бурҳонова З.У. дар толори лексионӣ баъди лексияи физика бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, эктремизм ва терроризм дар мавзӯи ватандӯстӣ ва, меҳанпарастӣ дӯстию рафоқат, муносибати тарафайни донишҷӯён ва дигар қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ суҳбат оростанд.
Хоҷаева Н.М., декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор
21.10.2019     379

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php