Баргузории конфронс дар самти мубориза бо терроризм

Баргузории конфронс дар самти мубориза бо терроризм

Санаи 6 апрели соли ҷорӣ аъзоёни Шӯрои кураторони факултети тиббӣ дар конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм”, ки аз ҷониби устодони кафедраи ҷомеашиносӣ баргузор шуд, иштирок доштанд.

Конференсия, ки мазмуну мундариҷаи хуби тарбиявӣ дошт, барои намояндагони Шӯрои кураторон чун дарси кушоди тарбиявӣ пешниҳод гардид. Донишҷӯёни хориҷӣ (ҶИА) ва ватанӣ бо маърӯзаҳои хело ҷолиб ва таъсиркунанда баромад карданд. Дар   конференсия муовини аввали ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т.,профессор Ибодов С.Т. ва муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З.У. иштирок доштанд ва дар охир шеъри худро бахшида ба қурбониёни терроризм ба саҳми ҳозирин расониданд.

Дар фарҷоми конференсия Шӯрои кураторон масъалаҳои навбатии   Шӯроро дида баромаданд. Ҳисоботи фаъолияти кураторӣ ва корҳои тарбиявии кафедраҳои тибби оилавии № 1 ва химияи биоорганикӣ шунида шуд.

Ҷ.Қ. Муҳаббатов    Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор

                                                   

                       

12.04.2019     5

Гузариш ба саҳифаи: