Озмуни ҷумҳуриявии қаламкашони ҷавон дар мавзӯи «Меҳри Ватан»

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публисистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни қаламкашони ҷавон дар мавзӯи «Меҳри Ватан» доир намояд.

Аз ин рӯ, Шумо олимону муҳаққиқон, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён метавонед мақолаҳои худро барои иштирок дар озмун ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (шахси масъул Муродзода М. тел: 934640440) пешниҳод намоед.

Муаллифони ҷавони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.


11.04.2019     29