Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ!

Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ!

Абдурахмонов, Ф. А. Анатомияи синну-солии одам: аз ду чилд [Матн] : китоби дарси. Ҷилди I / Ф. А. Абдурахмонов, С. Т. Ибодов. – Нашри 2-юм. - Душанбе : Бебок, 2018. - 576 с. ISBN 978-99975-323-0-5

 Абдурахмонов, Ф. А. Анатомияи синну-солии одам: аз ду чилд [Матн] : китоби дарси. Ҷилди 2 / Ф. А. Абдурахмонов, С. Т. Ибодов. – Нашри 2-юм. - Душанбе : Бебок, 2018. - 576 с. -640с. ISBN 978-99947-1-051-5 

Дар дастури таълимии мазкур бахшида ба натомияи синнусолии одам бо назардошти илмҳои морфологӣ ва фанҳои назариявии муҷовир ва соҳаи клиникию дармонгоҳӣ, хусусиятҳои сохтори огранизми одам тавассути системаҳо ва қисмҳои мураккаби бадан (ҳуҷайраҳо, бофтаҳо), системаҳои такяю ҳаракат (таълимот доир ба устухонҳо, пайвастшавии онҳо ва мушакҳо), узвҳои дарунӣ (системаҳои ҳозима, нафаскашӣ, шошаю таносул) тасвир карда шудааст. Дар ин ҷо маълумоти асосӣ доир ба динамикаи инкишофи сохторҳо дар давраҳои филогенезу онтогенез, сохту топография ва вазифаҳои системаҳо узвҳои дар боло зикр карда шуда, маълумоти мухтасар дода шудааст. Маълумотҳои асосӣ доир ба хусусиятҳои синнусолии инкишоф, сохти таркибот дар давраҳои инкишофи дохилибатнӣ ва пасазбатнии онтогенез, устухонҳои алоҳидаи скелет ва пайвастшавии онҳо (артросиндесмология), доир ба мушакҳо (миология) ва доир ба узвҳои дарунӣ (спланхнология) дар марҳалаи синнусолӣ ва хелҳои аномалияи инкишофи ғайримуқаррарӣ ва нуқсонҳои модарзодӣ оварда шудаанд.

Бо адабиёт метавонед дар китобхонаи илмӣ шинос шавед


16.04.2019     10