МОДАР ФАРИШТА АСТ

МОДАР ФАРИШТА АСТ

Бале модар ҳақиқатан фариштаи рӯи замин аст. Модар тамоми ҳаёташро ба зиндагии шоистаи фарзанд мебахшад. Модар ба ҳамаи ситоиш сазовор аст зеро, ки расули Акрам (с) ҳатто бузургтарин офаридаи Худо биҳиштро низ дар зери қудуми модарон пиндоштааст.

Имрӯз мехостем дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон аз фаъолияти яке аз занони фаъоли донишгоҳамон, зани кордону мушфиқ ва тарбиятгари насли ҷавон Сулаймонова Раҷабгул қисса намоем. Ин зани оқила вазифаи коменданти хобгоҳи № 5- уми донишгоҳро ба зима доранд. Санаи 4- уми марти соли равон мо аъзоёни раёсат – сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В., раиси Шӯрои занону духтарон Ҳоҷиева Г.Б., муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ Иргашова Ҷ. З. барои расонидани табрикоти роҳбарияти донишгоҳ ва фаҳмондани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хобгоҳи номбурда ташриф овардем. Дар саҳни хобгоҳ моро зани бо дасту панҷаҳои бовиқор ва бо чеҳраи хандон дар ҳалқаи бошандагони хобгоҳ пешвоз гирифт, ки симои қавииродааш дар пеши назарамон Томириси шуҷоъ ва Гурдофариди қаҳрамони асри навинро ҳувайдо мекард. Аз чеҳраи ин модари меҳрубон маълум буд, ки дар тарбияи насли ҷавон сахтгир аст. Гарчанде донишҷӯён бо як меҳру муҳаббати фарзандона атрофашонро печонда бошанд ҳам, вале нигоҳи шармгинонаи истиқоматкунандагони хобгоҳ ба ҷониби ин сарвари кордонашон гувоҳи гуфтаҳои болост. Гирду атрофи хобгоҳ тозаву озода, дар дохил бошад ҳайрати касро меоварад. Ҳуҷраҳои зебову замонавӣ инчунин китобхонаи кучаки хобгоҳ боз ҳам диққати касро ба худ ҷалб менамояд. Меҳру муҳаббати модаронаи ин зани хоксор нисбати бошандагони хобгоҳ боз дар он зоҳир гардид, ки ӯ дар таҷлили Рӯзи модарон барои фарзандонаш- бошандагони хобгоҳ зиёфати хоксорона ташкил намуда, дасторхони идона оростааст.

Мо аъзоёни раёсат ин зани меҳрубону кордонро ба муносибати Рӯзи модарон сидқан муборакбод намуда, дар симои ӯ ба тамоми занони кишвар хушбахтию саломатиро орзу менамоем.

Номи худ зиннати таърих чу мардон кардед,

Ба Ватан хизмати наку зи дилу ҷон кардед.

Ватан аз меҳнати шоёнатон миннатдор аст,

Ба Ватан хизмати шоистаатон бисёр аст.

Шуъбаи тарбия


05.03.2021 2705

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php